САРПАРАСТИ АСОСИИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 11 октябр миёни Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии «Талко» Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаро ноиби Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Талко» Садриддин Шарифов ба имзо расониданд. Мувофиқи Созишномаи мазкур корхонаи воҳиди давлатии «Талко» сарпарасти асосии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва олимпии солҳои 2009 – 2012 дониста шуд. Бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминиум ширкати «Талко» ҳамаи хароҷоти варзишгарони тоҷикро ҳангоми иштирокашон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба ӯҳда гирифта, барои бо таҷҳизотии моддӣ — техникӣ таъмин намудани иншоотҳои Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароитҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






