САРРАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН ИЗҲОР МЕКУНАД

Октябрь 17, 2009 12:31

                Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» Наталя Михайлова). – Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки оид ба ҳодисаи задухӯрди гурӯҳи ҷинояткор бо сарҳадбонони қирғиз «Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор мекунад, ки ҳодисаи гузаштани сарҳад аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст».                Сарҳадбонон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ 14 октябри соли 2009 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз ҷумла дар наздикии хати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ягон гурӯҳи ҷинояткорро пайгирӣ накардаанд ва бо ягон гурӯҳ задухӯрди мусаллаҳона анҷом надодаанд.                  Дастаи сарҳадбонони Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош» — и Ҷумҳурии Қирғизистон садои тирпаррониро шунида ба ҳолати тақвияти тартиботи нигаҳдории сарҳад гузашта бо сарҳадбонони қирғиз ҳамкориро барои мубодилаи ахбор ва донистани вазъияти ба амаломада ба роҳ монданд.               Айни ҳол дар ҳамкорӣ бо сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон чораҳои фаврӣ-ҳарбӣ барои пайдо кардан, дар иҳота гирифтан ва дастгир намудани гурӯҳи ҷинояткори бо сарҳадбонони қирғиз задухӯрд анҷомдода, давом дорад. То ҳол ҳайат ва мансубияти миллии ин гурӯҳи мусаллаҳ муайян нашудааст.               Ҷониби Қирғизистон дар бораи ба тарафи Тоҷикистон гузаштани гурӯҳи мусаллаҳ маълумоти аниқ ва пурра надорад. Дар ин бора дар гуфтугӯи телефонии Сардори Ситоди марказии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ — и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Шараф Файзуллоев ва сардори Ситоди марказии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон полковник Кубаныч Сарыбаев қайд карда шуд, — иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти қушунҳои сарҳадӣ.   

Октябрь 17, 2009 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид