ШАҲРДОРӢ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВОҚЕЪБИНОНА НАЗАР МЕКУНАД
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби масъулини дастгоҳи Раиси шаҳр, сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ, ҷиҳати татбиқи амалии Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми қабул ва баррасии соддакардашудаи муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои сохтмону меъморӣ ва истифодаи замин» дар ҷаласае, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки масъулини сохторҳои марбута набояд дар ҳалли муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои сохтмону меъморӣ ва истифодаи замин ба таъхиркорӣ ва бесалоҳиятӣ роҳ диҳанд, балки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат баррасии онҳоро ба таври воқеъбинона таъмин намуда, ба рушди соҳибкорӣ тибқи мароми шаҳрдорӣ дар пойтахт мусоидат намоянд. Дар робита ба масъулини сохторҳои шаҳр қотеъона дастур дода шуд, ки мониторинги ҳолати баррасии муроҷиатҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, унвонии Раиси шаҳр ҳар ҳафта маълумот пешниҳод созанд. Бояд зикр кард, ки Қарори дар боло зикршударо Раиси шаҳр ҳанӯз моҳи июни соли 2006 имзо намуда буд, ки ҳадафи асосии он ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон тавассути «равзанаи ягона» мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






