ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ МУШКИЛОТИ МАРДИКОРОНРО ОСОН МЕГАРДОНАД
Душанбе, 16 октябр.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар ноҳияҳои пойтахт иншооти махсусгардонидашуда барои қувваҳои корӣ, ки имрӯзҳо дар бархе аз маҳалҳои пойтахт фаъолият доранд, сохта ба истифода дода мешаванд. Ин масъаларо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни иҷлосияи 19 –уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ кард. Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо кумитаи заминсозӣ ва сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе тибқи талаботи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба низом даровардани бозори қувваҳои кории дар ноҳияҳои шаҳр фаъолияткунанда иншооти махсусгардонидашударо дар ҳудуди марзиашон бо инобати тамоми шароити хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Зеро шаҳри Душанбе, алҳол ба мавзеи асосии корҷӯёну мардикорон аз тамоми минтақаҳои кишвар мубаддал гаштааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






