ШУҒНОН АЗ ХОРУҒ КӮЧОНИДА МЕШАВАД

Октябрь 3, 2009 11:08

                 Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон аз шаҳри Хоруғ ба деҳаи Миденшори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон кӯчонида мешавад.                Дар ин хусус 3 октябр дар иҷлосияи 21-уми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.                  Раиси Кумитаи маҷлиси миллӣ Мӯним Холиқов зимни шарҳи ин масъала гуфт, ки мақсад аз кӯчонидани маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ташкил намудани маркази ягонаи маъмурӣ ва мунтазам назорат бурдан аз болои он ва фаъолияти тамоми соҳаҳо мебошад. Кӯчонидани маркази маъмурии ноҳия ба суръати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия такон мебахшад. Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ барои интихоби ҷой ҷиҳати кӯчонидани маркази ноҳияи Шуғнон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он кормандони масъули Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии «Гипрострой» ва мутахассисони соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашии вилоят шомил буданд, деҳаи Миденшори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнонро интихоб намуданд.                 Деҳаи Миденшор яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Шуғнон ба шумор рафта, маркази деҳоти Поршинев аст. Он барои ҷойгир кардани маркази ноҳия мувофиқ аст. Деҳа дорои шабакаи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва савдою тиҷоратӣ, хизмати маишӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ буда, ба минатақаҳои ноҳия нисбати дигар маҳалҳо наздиктар ҷойгир аст. Инчунин, робитаи мунтазами нақлиётӣ дорад. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ тибқи феҳрасту ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳанда оид ба масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ замима шудааст.

Октябрь 3, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд