ШУМОРАИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОЙГОНИ ҲАВОПАЙМО КАМ МЕШАВАД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе» дар якҷоягӣ бо филиалҳояш нақшаи истеҳсолиро ба андозаи 115 фоиз таъмин намуда, ба маблағи 1089263 сомонӣ маҳсулоти протезию ортопедӣ истеҳсол намуд. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 141818 сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар ин муддат 5924 адад асо, 994 ҷуфт асобағал ба маъюбон дастрас шуда, дар маҷмӯъ 15769 нафар маъюбон бо маҳсулоти ин корхона таъмин гардиданд. Гуфтанист, ки дар ин давра маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 9741256,0 сомонӣ таъмин шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1867424,0 сомонӣ зиёд мебошад. Барои аз нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан истифода намудани маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон оид ба 77 нафар ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» оид ба 82 нафар мактуб равон карда шуд, ки ин нисбати нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 59 нафар ва 8 нафар кам аст. Маврид ба зикр аст, ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират баҳри татбиқи сиёсати давлат дар самтҳои ба ӯ вобасташуда фаъолияташро тақвият дода, дар рушду такомули онҳо саҳм мегирад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






