ТАҒЙИРОТИ НАВ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳаитов Акрам). – Тавре аз дастгоҳи Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» Сироҷиддин Қосимов хабар дод, 13 октябри соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони ҳамаи сохторҳои Вазорат ҷаласаи васеъи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Қаҳҳоров А. А. баромад карда вобаста ба чорабиниҳои дар соли оянда пешбинишуда ба роҳбарони раёсату шӯъбаҳо супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин дар ҷаласа аз тарафи вазири корҳои дохилии мамлакат як қатор таклифу чорабиҳо барои беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии вазорат пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла дар баромади вазир қайд карда шудааст: «…Дар солҳои истиқлолият ҷамъбасти солона ва тасдиқи чорабиниҳо барои соли оянда охирҳои моҳи январ гузаронида шуда, сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба нақшаи кории вазорат чорабиниҳои худро таҳрир менамоянд ва сохторҳои зертобеъ бо назардошти онҳо нақшаи корӣ тартиб медиҳанд. Бо ҳамин семоҳаи аввали сол мегузарад ва як қисми масъалаҳои муҳими нақшаҳои корӣ дар амал татбиқ карда намешаванд, ки он барои дар сатҳи касбӣ ва босалоҳият гузаронидани чорабиниҳои нақшавии оянда низ бетаъсир намемонад. Минбаъд, моҳи декабр нақшаи кории вазорат ба раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ барои омӯзиш ва дар заминаи он тартиб додани чорабиниҳои соли оянда фиристода мешавад. Нақшаи фаъолияти сохторҳои вазорат бояд чорабиниҳоеро дар бар гирад, ки баҳри мубориза бар муқобили ҷинояткориҳо, таъмини амнияти кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат намуда, ҳамзамон вобаста ба инкишоф ва тағйирёбии вазъиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ, криминалӣ такмил дода шавад. Аҳамияти амалии чорабиниҳо на дар зиёд будани онҳо, балки вобаста ба вазъи низоми дохилии вилояту шаҳр, ноҳияву минтақа тартиб додани онҳо ва иҷрои босалоҳияти ин чорабиниҳо мебошад. Гузашта аз ин сохторҳои вазорат вобаста ба тараққиёти ҷамъият ва падидаҳои нави ҷинояткорӣ бояд такмил дода шуда барои фаъолияти пурсамари онҳо дастурҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ тартиб дода шавад. Барои амалӣ намудани ин масъала пешниҳод карда мешавад, ки аз ҳисоби олимони Академияи ВКД, мутахассисони варзида ва таҷрибаи касбидошта, собиқадорони вазорат комиссияи махсус таъсис дода шуда, пешниҳоди сардорони раёсату шӯъбаҳо дар бораи такмили сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ мавриди омӯзиш ва амал қарор дода шаванд. Яке аз самтҳои тараққикарда муносибатҳои ҳозиразамони иқтисоди тиҷоратӣ буда дар шаҳрҳои кишвар бозорҳои калону серодам арзи вуҷуд кардаанд. Дар шаҳри Душанбе бозорҳои «Корвон», «Султони кабир», «Саховат» дар вилояти Суғд бозори «Панҷшанбе» ва ғайраҳо. Табиист, ки дар ин бозорҳо дуздии моликияти ғайр, аз ҷумла бо роҳи кисабурӣ содир карда мешавад. Аммо, бештари ҷабрдидагон бо ақидаи он, ки милитсия дуздонро намекобад ва намеёбад ба сохторҳои минтақавию ноҳиявии мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намекунанд. Дар солҳои пеш дар сохтори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ гурӯҳи нозирон оид ба мубориза ба муқобили ҷинояткориҳои кисабурӣ вуҷуд дошт ва онҳо ҷинояткориҳои дигарро низ ошкор мекарданд. Вазъи криминалии бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамони зиёд моро водор месозад, ки дар бораи ташкил намудани чунин як сохторе, ки ба муқобили кисабурӣ мубориза мебарад, андеша кунем. Минбаъд баҳодиҳӣ низ ба натиҷаи кори роҳбарони сохторҳои вазорат ва кормандони онҳо аз рӯи натиҷаи ниҳоии он ва вобаста ба тағйироти иҷтимоиву криминалӣ фаъолият доштани онҳо такмил дода шуда, набояд мисли солҳои пешин якранг бошад. Тарбияи кадрҳо яке аз вазифаҳои муҳим ва созандаи роҳбарияти вазорат буда, натиҷаи фаолияти ҳар як мутахассиси соҳа вобаста ба тарбия ва донишу малакаҳои касбии омӯхтаи ӯ сурат мегирад. Пешниҳод карда мешавад, ки барои тайёр намудани кормандони милитсияи пайраҳадорӣ, ки тартиботи ҷамъиятиро бегоҳиву шабона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигоҳ медоранд дар заминаи Маркази омӯзиши Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои шашмоҳаи таълимӣ барои тайёр намудани сержанту прапоршикҳо кушода шавад. Қабули шунавандагон ба ин курс тариқи озмун, аз ҳисоби ҷавонон – шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳо, шахсоне, ки ба талаботи Низомномаи хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷавобгӯ ҳастанд, қабул карда мешаванд. Дар давоми таҳсил онҳо бо хӯрок, ҷойи хоб ва либоси низомӣ таъмин карда шуда, омӯзишро бо таҷрибаи касбӣ якҷоя мегузаронанд. Баъди хатми курси мазкур онҳо дар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор таъмин карда мешаванд. Дар назди Академияи ВКД бошад, барои афсарони ҷавони сохторҳои оперативӣ, тафтишотӣ, оташнишонӣ, соҳаи кадр ва дигар ҷузъу томҳо курсҳои такмили ихтисос таъсис дода мешавад. Курсҳо барои такмили соҳаи роҳбарӣ барои сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва муовинони онҳо низ дар назди Академияи ВКД ташкил карда шуда сардорони шӯъбаҳои навтаингардида дар ин курсҳо бояд таълим гиранд. Масъалаи дигаре, ки барои касбомӯзиву таҷрибаандӯзии кормандони сохторҳои вазорат аҳамияти махсус дорад истифода намудани созмонҳои ҷамъиятии мақомот аст. Вазорати корҳои дохилӣ дорои захираи бойи собиқадорони милитсия бо рутбаҳои калону олӣ мебошад. Онҳо донишу таҷрибаи худро барои тарбияи насли ҷавони милитсияи тоҷик ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд. Пешниҳод мекунам, ки дар ҳар шӯъбаву раёсат созмонҳои ҷамъиятии собиқадорони милитсия таъсис дода шавад ва дар ҷаласаҳои назди роҳбарони зикргардида намояндаи собиқадорон даъват карда шуда натиҷаи фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор дода шавад. Инчунин як қисми собиқадорони вазорат ба корҳои эҷодӣ машғул буда, аъзои иттифоқи журналистон ва иттифоқи нависандагонанд. Эҷодиёти онҳо мавриди таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон гаштааст. Пас чаро мо барои пешрафти кор аз онҳо истифода намебарем? Оё мо наметавонем дар бораи фаъолияти милитсияи тоҷик асарҳо офарем ва филмҳо ба навор гирем? Дар ин замина мехостам пешниҳод намоям, ки дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ барои пешбурди корҳои тарбиявӣ воҳидҳои штатии кадрҳо як ё ду корманд вобаста ба шумораи ҳайати шахсӣ зиёд карда шавад. Барои омӯзиши касбӣ ва санадҳои меъёрӣ бошад, зарурияти дар ҳар як раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ташкил намудани китобхона ҳатмист. Роҳбарони ин сохторҳо барои ташкил намудани чунин китобхонаҳо ва бо кампютеру маводҳои электронии омӯзиш муҷаҳҳаз кардани онҳо масъуланд. Корманди тарбияи касбидошта ва донишманди соҳаи фаъолияти худ вазифаҳои хизматиро босалоҳият ва бо риояи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ иҷро мекунад ва шаҳрвандон дар симои ӯ ҳомии ҷабрдидагону қонунро мебинад. Милитсия бо чунин кадрҳо лоиқи ҳурмату эҳтироми мардум шуда метавонад ва ба роҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ лозим аст, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ки ҳоло дар назди роҳбарияти вазорат қарор дорад таъмин намудани кормандони сохторҳои вазорат, оилаҳои бесарпаноҳмондаи кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд ва собиқадорони мақомот ба манзили зист аст. Мо тасмим гирифтаем, ки аз ҳисоби захираҳои дохилӣ як бинои истиқоматии 36 хонадор сохта ба истифода диҳем ва кам ҳам бошад вазъи истиқоматии шахсони эҳтиёҷмандро беҳтар намоем. Дар ин замина инчунин барои таъмини шароити маишии кормандони милитсия пешниҳод карда мешавад, ки дар назди ҳар як шӯъбаи корҳои дохилӣ бо дастгирии ҳукумати маҳалӣ як бинои ду хонадор ё чор хонадор, барои роҳбароне, ки нав таъин карда мешаванд ва мутахассисони аз дигар минтақаҳо фиристодашуда сохта ба истифода дода шавад. Ин бино фақат барои истифодаи хизматӣ буда, кормандоне, ки ба дигар ҷой ба кор фиристода мешаванд хонаи истиқоматиашонро супорида баъд мераванд. Дар ин бора Сироҷиддин Қосимов иттилоъ дод.