ТАЪМИНИ ОБ ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ
Панҷ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Панҷ ба 1420 хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаи тарафайн дошта , майдони 15430 гектар заминро ба об таъмин менамояд гуфт,- сардори идора Раҳматулло Дӯстматов ва афзуд, ки аз тарафи буҷаи маҳаллӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелеоративии замин маблағи 115000 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин маблағ барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ҷамоатҳои Намуна, Меҳвар, ва Сайфиддинов масраф гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин давра аз тарафи бонки « Рушди Осиё» 1860 метр қубурҳои баландфишор сохта, ба истифода дода шуд, ки маблағи он 3 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад. Раҳматулло Дӯстматов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки пардохти ҳаққи хизматрасонии об аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле паст аст, ки ин боиси баланд гардидани пардохти андоз, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва барқ аз худи идора мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






