ТЕРМИНАЛИ НАВ БУНЁД МЕГАРДАД
Душанбе, 8 октября (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Моҳи апрели соли 2009 байни КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва иттиҳодияи муваққатии корхонаҳои фаронсавии Софема алфа аэропорт (SOFEMA — ALPHA AIRPORT) оид ба сохтмони маҷмааи нави аэровокзал (терминал) қарордод ба имзо расид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» итиллоъ доданд, ширкати SOFEMA — ALPHA AIRPORT таҳияи лоиҳаи сохтмони аэровокзали навро шурӯъ кард. Оид ба сохтмони терминали нав дар шаҳри Душанбе протоколҳои ризоият дар мавриди ҷудо намудани маблағ имзо карда шуд. Барои тавсия бахшидан ба оғози корҳои сохтмон аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе минтақаи сохтмон ҷудо карда шуда, барои оғози корҳои сохтмон шароит муҳайё карда шудааст. Бино ба иттилои мутахассисон ва тарҳи лоиҳаи бинои сохташаванда, терминали нав барои 500 мусофир соат, мутобиқ ба меъёрҳои Аврупо сохта мешавад. Қабул ва гусели мусофирон, бор ва бағоҷ тариқи терминали нав сифати хизматрасониро баланд бардошта, таъмини бехатарии парвозҳоро ба маротиб зиёд мегардонад. Дар терминали нав дастгоҳҳои замонавии хизматрасон насб карда шуда, дараҷаи дониш ва малакаи ҳайати хизматрасони фурудгоҳ ва нафарони дигар мақомоти дар терминал амалкунанда баланд бардошта хоҳад шуд. Терминали нави "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" дар арафаи 20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сентябри соли 2011 ба истифода дода хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






