ТОҶИКИСТОНУ АМРИКО БА МАРҲИЛЛАИ НАВИ ХАМКОРӢ ВОРИД МЕШАВАНД

Октябрь 24, 2009 12:03

                 Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико, хусусан равобити байнипарлумонӣ зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс дар Душанбе баррасӣ гардиданд.                  Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз сатҳти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ду маротиба аз Сенати Амрико дидан намуда, аз кору фаъолияти ин мақоми Олии Амрико аз наздик шинос гардиданд.                  Кеннет Гросс изҳор кард, ки ӯ хостори таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди Амрико бо Тоҷикистон аст. Дипломати америкоӣ ба таваҷҷӯҳ ба дастгирии кишврааш доир ба амалӣ намудани барномаҳои башардӯстона ба соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумати Амрико дар доираи ин барномаҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кӯмак мекунад.                 Аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон ҳамчунин, масъалаҳои ворид шудани Тоҷикистон ва Амрикоро ба марҳилаи нави ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.

Октябрь 24, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид