ВАКИЛОН СОЗИШНОМАҲОРО БА ТАСВИБ РАСОНИДАНД

Октябрь 16, 2009 11:43

               Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Котиботи Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодӣ (боварӣ) дар Осиё, Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвентсия оид ба масуният ва имтиёзҳои Созмони Конфронси Исломӣ аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 6-уми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.               Зимни шарҳи масъалаҳои мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Котиботи Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодӣ (боварӣ) дар Осиё 25 августи соли 2008 дар шаҳри Алмаато дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои машварат ба имзо расида, мақсад аз ворид намудани тағйирот ба ин Созишнома беҳтар намудани шароити Котибот ва иваз намудани маҳалли ҷойгиршавии он аз Алмаато ба Остона мебошад.

Октябрь 16, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид