ЗАМИН ҶУМБИД

Октябрь 30, 2009 11:59

                 Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Шаби 29 октябр соати 22. 44 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази зилзиласанҷии стантсияи Душанбе иттилоъ доданд, маркази заминҷумбӣ дар Афғонистон, 270 км ҷанубу шарқи Душанбе дар умқи 210 км ба қайд гирифта шудааст.                    Қувваи зилзила дар маркази заминларза аз рӯи ҷадвали 12 баллаи МСК-64 6 балро ташкил кард. Дар Душанбе қувваи заминларза 5 бал, дар вилояти Хатлон 3-4 бал ба қайд гирифта шуд. Қувваи ин заминларза дар Исломобод ва Кобул низ эҳсос гардид. Маълумот дар бораи зарардидагон ва фавтидагон нест.

Октябрь 30, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд