ҲАМОИШИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ
Душанбе, ноябри 11. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард ). — Рӯзи 13 ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи боздиди ҳайати тиҷоратии Хитой форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Хитой оид ба ҳавасмандии сармоягузорӣ дар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади густариши ҳамгироӣ дар чорчӯбаи СҲШ Раиси ҶМХ Ху Тсзинтао моҳи июни соли равон зимни саммити сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ташаббус нисбати ба кишварҳои СҲШ фиристодани ҳайати соҳибкорони хитойӣ бо қасди мусоидат ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягозурӣ байни кишварҳои мазкур изҳор намуд. Тибқи нақша, ҳайати соҳибкорони хитойӣ бо сарварии раиси Ассотсиатсия оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ байни Хитой ва Аврупо Сюй Бинтсзин аз Тоҷиикстон, Қирғизистону Қазоқистон боздид намуда, як силсилаи ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, вохӯриҳо бо тоҷирони маҳаллӣ ва муаррифии лоиҳаҳои ҳамкорӣ такшил хоҳад кард. Шомили ҳайати ҶМХ намондягони тақрибан 50 корхонаи хитойӣ аз Пекин, Шанхай, музофоти Тсзянсу, Шандун, Минтақаи Автономии Гуанси-Чжуан, Минтақаи Автономии Синтсзян-Уйғур, аз ҷумла, Ширкати Генералии технологияи умумӣ (GENERTEC), Бонки воридотию содиротии Хитой Guodian, Lenovo Group, Ширкати мошинсозии шахри Люжоу музофоти Гуанси Guangxi Liugong Machinery Co, Ltd, Корпоратсияи миллии Хитой оид ба воридоту содироти маҳсулоти мошинсозии дақиқ Wolong Holding Group ва дигар щиркатҳо мебошанд. Дар назар аст, ки дар чорчӯбаи форум дар шаҳри Душанбе ҳам муаррифии лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, коммуникатсия, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчунин вохӯриҳои ҳайати Хитой бо намояндагони доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон бо мақсади баррасии ошкорои лоиҳаҳои эҳтимолии муштарак ва ба роҳ мондани муносибатҳои нави шарикӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






