ҲАР ЯК СОКИНИ ДЕҲОТ БОЯД КАМАШ ҲАФТ СОАТ БАРҚ ГИРАД

Ноябрь 10, 2009 14:26

                 Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Тавре аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол системаи энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи автономӣ, яъне берун аз Шабакаҳои муттаҳидаи Осиёи Марказӣ ва бо иқтидорҳои худӣ кор карда истодааст.                  Дар айни замон ШСХК «Барқи тоҷик» бо маҳдудият барқ интиқол дода истодааст, вале ин маънои онро надорад, ки мардуми деҳот аз барқ бояд маҳрум карда шавад, гуфт манбаъ.                   Дар ин замина, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» фармонеро ба тасвиб расонд, ки мутобиқи он ҳар як сокини деҳот дар як шабонарӯз бояд камаш ҳафт соат ва мактабҳои деҳот дар тамоми соатҳои таълим бо барқ таъмин карда шаванд. Дар фармони раис таъкид мегардад, ки бояд шабакаҳои барқии ноҳияҳо ҷадвали махсус таҳия намуда, аз рӯи он, барои сербор нашудани таҷҳизот ва хатҳои интиқолӣ, сокинони маҳалҳои аҳолинишинро дар соатҳои муайян барқ диҳанд. Дар баробари ин, қарздорон пурра аз барқ маҳрум карда мешаванд. Масъулоне, ки ин фармонро иҷро намекунанд, то ба дараҷаи аз вазифа сабукдуш шудан ҷазо мегиранд.                   Хотиррасон менамоем, ки дар ширкат телефони боварӣ, рақамҳояш 295-307; 295-480, ташкил дода шудааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо ин телефонҳо бо ёрдамчии раиси ширкат дар тамос шавад ва бобати мушкилоти худ изҳори назар намояд. Ҳангоми телефон кардан зикри маҳали зист, ному насаб ва рақами телефон ҳатмист.  

Ноябрь 10, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид