ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО БА САРВАРИ ДАВЛАТ

Ноябрь 4, 2009 15:32

                  04-уми ноябри соли 2009 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.                   Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, нақшаи пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва маош зоҳир карда шуд.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, оғози киштукори тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон шунида, баҳри баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо дар ин ва дигар самтҳои афзалиятнок дастуру ҳидоятҳо дод.                     Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба захира кардани маводи сӯхт барои зимистон, таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зарурӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ зоҳир карда шуд.

Ноябрь 4, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд