ҲОМИД КАРЗАЙ ҲУКУМАТИ НАВ МЕСОЗАД?
Душанбе, 4 ноябр, (АМИТ «Ховар» Аfganistan.ru.) – Ҳомид Карзайро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон сарони давлатҳои ИМА, Русия, Олмон, Фаронса, Покистон, Тоҷикистон, котиби генералии СММ ва дигар давлатҳои минтақа табрик карда ғалабаи ӯро эътироф карданд. Ёдовар мешавем, ки даври дуввуми интихоботи Президенти Афғонистон бинобар даст кашидани номзад ва рақиби асосии Ҳомид Корзай аз иштирок дар интихобот баргузор карда нашуд ва Президенти кунунӣ ғолиби интихобот эълон гардид. Дар ҳамин ҳол котиби генералии СММ Пан Ги Мун изҳор кард, ки СММ ҳама гуна қарорҳои Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро эътироф ва дастгирӣ мекунад. Абдуло Абдулло ва ҷонибдоронаш гумон доштанд, ки Ғарб ва кишварҳои минтақа аз ӯ ва интихоботи шаффофу демократӣ дастгирӣ хоҳанд кард. Аммо, амнияти нисбии Афғонистон, таъмини сулҳу суббот дар мамлакат ва минтақа ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки қарори Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро эътироф намоянд. Дар навбати худ Ҳомид Карзай дар нишасти матбуотӣ дар бораи таъсис додани Ҳукумати мусолиҳаи мардумӣ изҳорот паҳн кард. Ба қавли Президент яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мусолиҳаи мардумӣ мубориза бар зидди коррупсия ва фасодкорӣ мебошад. «Ҳукумати нав оинаи мамлакат хоҳад буд», — гуфт Ҳомид Корзай.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






