ҲУҶУМИ РОҲЗАНОНА БА МАРДИКОРОНИ ТОҶИК

Ноябрь 26, 2009 13:46

                  Маскав, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Агентии иттилоотии «Росбалт» 16 ноябри соли равон хабар дод, ки 15 ноябр дар Маскав байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пул муноқиша ба амал омад. Дар натиҷа косахонаи сари се нафари онҳо гӯё маҷақ шуда бошад.                    Кормандони намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия бо мақсади ба даст овардани маълумоти муфассал ба милитсияи ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Округи маъмурии ғарбии шаҳри Маскав ба суроғаи кӯчаи Маршал Неделин, бинои №40 рафтанд. Дар натиҷаи сӯҳбат бо кормандони милиса тафсилоти зерин ба даст оварда шуд:                    15 ноябр тақрибан соатҳои 1 — у 55 дақиқа дар ҳудуди ширкати давлатии сохтмони «Стрела» се шахси номаълум бо истифодаи арматураҳои оҳани ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум оварданд, ки дар ин ҷо ҳамчун челонгарони мошин кор мекарданд. Мардикорони зерин дар натиҷаи ҳуҷуми роҳзанона сахт маҷрӯҳ гардиданд:                    1. Шокиров Фаррух Сафаралиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Роғун. Бо ҷароғати вазнини косахонаи сар ва майна, шикастани устухонаи ҷоғи боло, шикастани устухонҳои бинӣ, варамҳои хунин дар ҳолати беҳушӣ ба шӯъбаи эҳёгарии шифохона фиристода шудааст.                   2. Амирхонов Фаррух Давлаталиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Бо ҷароҳати вазнини косахонаи сар ва майна, шикастани устухонҳои косахонаи сар ва ҷароҳати чуқури қисмати пешонии сар ба шифохона фиристода шудааст.                   3. Исроили Исмоил, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Файзобод. Бо ҷароҳати варами хунини қисми рости пушти сар ва шикастани устухонҳои қисматҳои гуногуни косахонаи сар ба шифохона фиристода шудааст.                  Ғоратгарон аз шаҳрвандони Тоҷикистон 79 ҳазор рубли Русия, телефони мобилӣ ва дастгоҳи чопи компютерии директори Ширкати давлатии сохтмони «Стрела» Ҷавводов Ҷовид Нурӯғлиро ба яғмо бурданд.                  Кормандони шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии Округи маъмурии ғарбии шаҳри Маскав шахсони зеринро ба ҳуҷум ба шаҳрвандони тоҷик гумонбар шуда, дастгир намуданд:                  1. Ҳамробоев Ашрафҷон Бобомуродович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ӯ пештар дар ширкати давлатии сохтмони «Стрела» кор мекард. А.Ҳамробоев ҷои нигоҳ доштани пули мардикорони тоҷикро медонист ва шариконашро барои ба даст овардани он ба ҳуҷуми ғоратгарона ҷалб намуд.                 2. Эрназаров Ҷӯрабой Нурмуродович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон.                 3. Абдуллоев Арзуман Исмоилович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Элистаи Ҷумҳурии Қалмиқистон.                 Раёсати тафтишоти шӯъбаи корҳои дохилии Округи маъмурии ғарбии шаҳри Маскав вобаста ба ин воқеа таҳти №255981 парвандаи ҷиноӣ кушод. Шахсони гумонбар дастгир карда шуданд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева хабар дод.

Ноябрь 26, 2009 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст