ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ҳукумати Тоҷикистон барои додани иҷозати фаъолият дар «Кони калони Мансур» ба таври расмӣ озмун эълон мекунад. Ба озмун ширкатҳои сармоягузор, ки таҷрибаи коркарди маъданҳои кӯҳиро доранд, даъват карда мешаванд. Ширкатҳое ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҷавобгӯ бо талаботи ҳуқуқӣ, техникӣ ва молиявиро то рӯзи 14 декабр пешниҳод мекунанд ба рӯйхат дохил шуда ба даври минбаъдаи озмун роҳ дода мешаванд. Бо мақсади шаффоф ва мунназам гузаронидани озмун Ҳукумати Ҷумҳурӣ Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба сифати машваратчии пешбар интихоб кардааст. «Кони калони Мансур», дар вилояти Суғд ҷойгир Буда яке аз бузуртарин кони нуқра дар ҷаҳон дониста мешавад. Масъули баргузории озмун кумитаи давлатии сармоягузорӣ ваидораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






