ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Ноябрь 9, 2009 14:35

                Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 » дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 ноябри соли равон таҳти Раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев баргузор гардид, мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2009. Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм ва оид ба лоиҳаи Қарори маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъвати сеюм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.              Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона ва созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои некӯаҳволии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат равона гардидааст.

Ноябрь 9, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд