ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ДАВРИ ДУЮМИ АМАЛИЁТ

Ноябрь 20, 2009 14:41

                Маскав, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Мувофиқи қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 9 то 16 ноябри соли равон даври дуюми амалиёти байналмилалии «Канал – 2009» гузаронида шуд. Дар он баробари давлатҳои аъзои СААД, инчунин намояндагони мақомоти дахлдори Озарбойҷон, Афғонистон, Булғористон, Венесуэла, Италия, Эрон, Чин, Латвия, Литва, Лаҳистон, ИМА, Украина, Эстония ва мақомоти разведкаи молиявии давлатҳои аъзои гурӯҳи Евразия иштирок намуданд.                  Ҳадафи амалиёт бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъадори Афғонистон, қатъ намудани интиқоли маводи нашъадори синтетикӣ ба Аврупо, кокаин аз Амрикои Лотин, бастани роҳҳои аз худ кардани маблағи фурӯши маводи нашъадор, мусодираи аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда буд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар амалиёти мазкур зиёда аз 152 ҳазор корманди мақомоти мубориза ба муқобили маводи нашъадор, мақомоти амният, корҳои дохилӣ, гумрук, политсия ва марзбонон ширкат варзиданд. Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва автомобил тақрибан 9 ҳазор амалиёти муштарак гузаронида шуд. Дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 70 ҳазор парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Дар ин муддат қариб 40 ҳазор нафар барои қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Дар натиҷаи амалиёт 115 тоннаю 958 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид.                 Дар амалиёти мазкур мақомоти дахлдори Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.                 Дар ҷараёни амалиёт дар қаламрави Русия бештар аз 300 килограмм героин мусодира карда шуд.

Ноябрь 20, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст