8 ОБЪЕКТИ НАВИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8 объекти таърихии Тоҷикистон дар ҷаласаи минтақавии Созмони ҷаҳонии меъроси фарҳангӣ (ЮНЕСКО), дар мавзўи «Силсилаобъектҳои бузурги Роҳи абрешим», ба рўйхати пешакии ЮНЕСКО қабул гарлиданд. Дар ин рўйхат ёдгории Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, Маъбади будои Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, шаҳраки Ҳулбук, Хоҷа Машҳад ва Қалъаи Ҳисор ҷой гирифтаанд. Ҷаласаи мазкур аз 1 то 7 –уми ноябр дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд. Дар кори ҷаласа аз 14 давлати минтақавии Созмон ва 5 давлати номзад иштирок доштанд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон сармутахассиси шўъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев ва директории осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Саймурод Бобомуллоев ширкат варзиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






