А.ЛУКАШЕНКО: «БЕЛОРУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁДИ ҲАМКОРӢ ДОРАНД»

Ноябрь 25, 2009 11:17

                  Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Президенти Ҷумҳурии Белорусия Александр Лукашенко 24 ноябр зимни мулоқоташ бо роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ изҳор намуд, ки воситаҳои ахбори оммавӣ бояд ба воқеаю рӯйдодҳои давлати алоҳида, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва саросари ҷаҳон воқеъбинона, ҳаққонӣ ва одилона баҳо диҳанд, зеро воситаҳои ахбори оммавӣ аз бисёр ҷиҳат ақидаи аҳли ҷамъияьтро ба вуҷуд меоранд.                   А.Лукашенко зикр кард, ки дар иқтисодиёти давлатҳои ИДМ душвориҳо ва проблемаҳо хеле зиёданд, вале душвориҳои асосӣ бештар дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ мушоҳида карда мешаванд. Ба қавли ӯ, воситаҳои ахбори оммавӣ муносибати давлатҳоро на ҳама вақт ба таври воқеъбинона тасвир менамоянд.                    Воситаҳои ахбори оммавӣ ҳақиқатан инъикоскунандаи рӯйдодҳои ҳамарӯзаи ҳар гуна давлат ва муносибатҳои мо мебошанд, онҳо набояд ба муносибатҳои халқҳо халал расонанд, гуфт президенти Белорусия.                   Мулоқот бо А.Лукашенко ба сӯҳбати бевосита ва ошкорои яксоатаи роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ табдил ёфт. Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Русия, Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи масъалаҳои гуногуни муносибати мамлакатҳо дар соҳаҳои сиёсату иқтисод ва ояндаи Иттифоқи гумрукҳо сухан ронданд. Президенти Белорусия ба ҳамаи саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.                   А.Лукашенко бо хоҳиши иштирокчиёни мулоқот дар бораи муносибатҳои ояндаи Белорусия бо Озарбойҷон, Арманистон ва Тоҷикистон сухан ронд. Вай зикр намуд, ки мамлакаташ ният дорад, муносибатҳои тиҷоратии худро бо ин давлатҳо ривоҷ диҳад. Қайд карда шуд, ки ҳамагӣ чанд сол пеш дар байни Белорусия ва ин мамлакатҳо ягон муносибати тиҷоратӣ ва хариду фурӯши мол тақрибан вуҷуд надошт.                   Ба қавли А.Лукашенко, Белорусия ва Тоҷикистон имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Вай изҳор намуд, ки Белорусия метавонад дар қаламрави Тоҷикистон корхонаҳои нави муштарак бунёд намояд. Инчунин Белорусия имкон дорад, ки ба Тоҷикистон техникаи зарурии пахтачиниро фурӯшад.                     «Ҳамагӣ даҳ сол пеш бисёр сиёсатмадорон ҷуръати ба Тоҷикистон сафар карданро надоштанд, аммо Шумо дар байни онҳо аввалин шуда, даҳ сол пеш ба Тоҷикистон расман ташриф оварда будед. Бинобар ин халқи тоҷик ба Шумо эҳтироми махсус дорад», — гуфт директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов.                     Президенти Белорусия дар фарҷоми мулоқот бори дигар саҳми муҳими воситаҳои ахбори оммавиро дар бобати инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳо таъкид намуд.                    Дар ин бора директори АМИТ «Ховар» С.Шамсиддинов аз шаҳри Минск телефонӣ хабар дод. 

Ноябрь 25, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд