АМРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1) Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар соли 2010 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гузаронида шавад.2) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани ҷашни Наврӯзи Аҷам тадбирҳои зарурӣ андешанд.ш.Душанбе13 ноябри соли 2009№ АП-1123Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РаҳмонАМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1) Рӯзи дониш 1 –сентябри соли 2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шавад. 2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.ш.Душанбе13 ноябри соли 2009№ АП-1124Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РаҳмонАМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН1) Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июни соли 2011 дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе гузаронида шавад.2) Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ободу зебо гардонидани пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе корҳои ободониро вусъат дода, баргузории Рӯзи ваҳдати миллиро дар соли таҷлили 20- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таъмин намоянд. ш.Душанбе13 ноябри соли 2009№ АП-1122Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






