АНҶУМАНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК: ИХТИЛОФИ РОҲБАРОН

Ноябрь 19, 2009 16:27

               Ҳозирини гиромӣ!               Хоҳиш мекунам, дар назар дошта бошед, ки он чизе, ки ман ҳозир мегӯям, бисёр ҷиддӣ аст ва масъулияти қабули қарорҳои ғайриқонуниро дар ин ҷаласа бар дӯш нагиред.                Ҳамчун яке аз муассисони Ҳаракати иҷтимоии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» (минбаъд — Ҳаракат) ва узви Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ — мақоми олии созмон, бо дарки масъулияти маънавӣ аз фаъолияти он, қарзи хеш мешуморам бо изҳороти мазкур ба Шумо муроҷиат намоям.                Дар сомонаи интернетии Ҳаракат тӯли 4 – 5 моҳи охир маъракаи тӯҳмате, ки обрӯ ва эътибори манро ҳамчун шаҳрванд ва ходими ҷамъиятӣ таҳқир месозад, ба роҳ монда шуд. Бо ин сабаб, миёнаи моҳи июл ҳамчун яке аз муассисони Ҳаракат ба раиси Комиссияи назоратию санҷишӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки барои ҳимояи манфиатҳоям ба ман нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро оиди таъсиси Ҳаракат пешниҳод намояд. Баъди кӯшишҳои зиёд, ин ҳуҷҷатҳоро дарёфт намудам. Ҳини шиносоӣ бо онҳо ҳолатҳои тақаллубкории дағал ва сохтакории ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ошкор гардид.                  Масалан, мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки К.Шарипов барои бақайдгирии Ҳаракат ба Вазорати адлияи ФР пешниҳод кардааст, Ҳаракат дар анҷумани таъсисӣ 19 апрели соли 2008 созмон дода шудааст. Дар асл бошад, анҷумани таъсисӣ 10 ноябри соли 2007, яъне ним сол қабл баргузор шуда буд.                  Дар суратмаҷлиси (протокол) №1 Анҷумани таъсисии Ҳаракат аз 19 апрели соли 2008 омадааст, ки К.Б.Шарипов ва Х.М.Муҳаббатов Раис ва Котиби анҷуман интихоб шудааст. Ин суратмаҷлисро ман имзо накардаам ва имзои манро қалбакӣ сохтаанд.                 Мутобиқи ин суратмаҷлис мақоми доимоамалкунандаи роҳбарии Ҳаракат, ки аз номи он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мебошад, ки дар анҷумани таъсисӣ дар ҳайати 9 аъзо интихоб шудааст, муассисони Ҳаракат бошад, 5 нафар шаҳрвандон мебошанд.                 Дар суратҳисоби аслии №1 Анҷумани таъсисии Ҳаракат аз 10 ноябри соли 2007 раис ва котиби анҷуман Габисов В.Г. ва Мирзоева Л.А. интихоб шудаанд. Мақоми доимоамалкунандаи роҳбарии Ҳаракат, мутобиқи ин суратмаҷлис Шӯрои хамоҳангсозӣ иборат аз 43 нафар мебошад, муассисони Ҳаракат бошанд шаҳрвандон, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, аз қабили ООД «Национально – патриотические силы РФ», Фонди «Народная дипломатия» ва чанде аз созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон мебошанд. Тамоми мавод оиди ин Анҷуман дар сайти Ҳаракат чоп шуда, наворҳои видеоии пурраи он мавҷуданд.                  Дар сайти Ҳаракат рӯзи 19 январи соли 2008 рӯйхати аз ҷониби К.Шарипов омодагардидаи 53 нафар аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ чоп шуд, ки 14 нафари онҳо ба ҳайати дар Анҷумани таъсисии Ҳаракат, ки 10 ноябри соли 2007 тасдиқ гардидааст, дохил мешаванд. Айни ҳол, аксарияти аъзоёни «собиқ» ва «нав» — и Шӯро ҳатто гумон надоранд, ки узви Шӯро мебошанд ва ин хабарро бо ғазабу эътирози шадид қабул намуданд.                   Дар тамоми муддати баъди анҷуман ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат дар ягон ҳайати зикргардида боре ҳам баргузор нашудааст. Аммо, дар тӯли якуним сол, тамоми масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат шахсан аз ҷониби К.Шарипов ҳаллу фасл мегарданд.                    Ба Низомномаи Ҳаракат низ тағйироти зиёд ворид карда шудааст, ки гӯё дар анҷумани 19 апрели соли 2008 тасдиқ шуда бошанд. Масалан, дар Анҷумани таъсисии 10.11.07 с. Ҳаракат «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» номгузорӣ шуда буд, вале дар ҳуҷҷатҳои таъсисии анҷумани хаёлии 19.04.08 с. он ҳамчун «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» номбар мешавад.                   Мутобиқи Низомнома пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти раиси Ҳаракат салоҳияти истисноии Анҷуман мебошад. Қарор дар ин хусус бо аксарияти оддии овозҳои вакилони иштирокдошта, ки аз ҷониби шӯъбаҳои маҳаллии Ҳаракат интихоб шудаанд, қабул карда мешавад. Дар Низомномаи 19.04.08 с. бошад, бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо.                   Анҷуман қонунӣ ҳисоб карда мешавад, дар ҳолате, ки дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони дар шӯъбаҳои маҳаллии Ҳаракат интихобгардида, иштирок дошта бошанд. Дар Низомномаи 19.04.08 с. бошад, анҷуман қонунӣ ҳисоб меёбад, агар дар он аз нисф зиёди вакилон ширкат намоянд. Тавре мебинем, ин тағйирот махсус ва фақат ба манфиати раиси Ҳаракат К.Шарипов ворид карда шудаанд.                    Суратмаҷлисҳои ба Вазорати адлияи ФР пешниҳодшудаи маҷлисҳои таъсисии шӯъбаҳои маҳаллии Ҳаракат, ки гӯё охири апрели соли 2008 доир гардидаанд, қалбакӣ буда, маълумоти бардурӯғро доро мебошанд. (аризаҳои раиси Комиссияи назоратию санҷишӣ А.А.Махсумов ва аксарияти аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат мавҷуданд).                   Ҳамин тариқ, 19 апрели соли 2008 ягон хел анҷумани таъсисии Ҳаракат доир нашудааст. Мутаносибан, маҷлисҳои умумии таъсисиии созмонҳои маҳаллии Ҳаракат низ баргузор нашудаанд. Амалан ҳамаи имзоҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба Вазорати адлия пешниҳод шудаанд, аз ҷумла имзоҳо дар суратмаҷлисҳои ҷаласаҳои умумии шӯъбаҳои маҳаллии Ҳаракат қалбакӣ мебошанд.                   Бо назардошти он, ки дар толор намояндаи Вазорати адлияи Русия ҳузур дорад, изҳор мекунам, ки Ҳаракат дар вазорати адлияи ФР 10 декабри соли 2008 дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсисии қалбакӣ ба қайд гирифта шудааст, бинобар ин Қарор дар бораи ба қайдгирии Ҳаракат бекор карда шуда, К.Б.Шарипов барои тақаллубкорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.                   Бар хилофи Низомномаи Ҳаракат, бе ризоияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, дар бораи баргузории анҷумани ғайринавбатии Ҳаракат 8 нояри соли 2009 эълон карда шуд. 24 октябр, бе шарҳ дар сайти Ҳаракат эълон шуд, ки вақти баргузории анҷуман ба 17 ноябр гузаронида мешавад. Ҳамаи ин тасмимҳо аз ҷониби К.Б.Шарипов шахсан, бе розигии Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат гирифта шудаанд.                    Мувофиқи талаботи Низомнома дар анҷумани Ҳаракат бо ҳуқуқи доштани овози ҳалкунанда ҳамаи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳаракат бояд иштирок дошта бошанд, аммо аксарияти онҳо ба ин Анҷуман даъват нашудаанд.                    Мақсади гузаронидани анҷумани ғайриқонунӣ ва ғайри навбатӣ тағйир додани ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Комиссияи назоратӣ — тафтишотӣ, аз ҳайати онҳо хориҷ кардани аъзои ба К.Шарипов номатлуб мебошад.                      К.Шарипов Ҳаракатро ба ташкилоти тиҷоратии хусусӣ мубаддал кардааст. Дар натиҷаи фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ оид ба қайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, додани иҷозат барои кор, дар натиҷаи таҳдид кардан ба соҳибкороне, ки музди маоши муҳоҷирони меҳнатиро пардохт накардаанд, маблағҳои калони пулӣ ба К.Шарипов дастрас мешаванд. Аз ин маблағҳои калони пулӣ андоз супорида намешавад, ҳисоботи солона дар бораи фаъолияти молиявӣ пеш бурда намешавад. Фикру ақидаи Комиссияи назоратӣ — тафтишотӣ дар ин масъала ба назар гирифта намешавад ва барои назорат кардан аз болои даромади маблағҳои пулӣ ва сарфи онҳо роҳ дода намешавад.                      Дар фаъолияти худ ва матлабҳои дар васоити ахбори омма дарҷшуда, К.Шарипов омилҳои миллӣ ва диниро моҳирона истифода мебарад, ки ин барои шиддат гирифтани мухолифати байнимиллӣ ва динию мазҳабӣ дар ҳудуди Русия метавонад мусоидат кунад.                     Танқидҳои ғайривоқеии роҳбарияти Тоҷикистон, дахолати рӯирост ба корҳои дохилии он, бевосита ба сард шудани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия оварда мерасонад.                     Дар асоси гуфтаҳои боло чунин мешуморам, ки ҷаласаи имрӯза мақоми Анҷуманро дошта наметавонад ва он ғайри қонунӣ мебошад. Аз ҷониби худ ман кӯшиш хоҳам кард, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии Федератсияи Русияро аз ин огаҳ созам.Аз ҳамаи онҳое, ки дар толор нишастаанд, хоҳиш мекунам, барои қонуншиканиҳои К.Шарипов масъулиятро ба гардани худ нагиранд, зеро баъдан ҳама маҷбур мешавем, ки дар назди қонун ҷавоб гӯем.                     Дар навбати худ, намояндагон ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷумани 1-ум ва созмондиҳандагони Ҳаракат аз 10 ноябри соли 2007 рӯзҳои наздик Комитет оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз қонуншиканиҳои К.Шариповро таъсис хоҳанд дод.                    Ман бо нишони эътироз аз ин ҷамъомади ғайриқонунӣ толорро тарк мекунам. Аз сабаби он ки моҳҳои охир ба нишонии ман таҳдидҳои доимӣ оид ба расонидани зарари ҷисмонӣ зиёд шудаанд, хоҳиш мекунам маро ҳангоми баромадан аз ин бино ҳамроҳӣ кунед. Ба диққататон раҳмат.  Яке аз асосгузорони Ҳаракати Ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон»,аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз                         Х.М.Мухаббатов

Ноябрь 19, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид