«БАРҚИ ТОҶИК» ҚАРЗИ ҚУВВАИ БАРҚРО МЕПАРДОЗАД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 13 ноябр хабар дода шуд, ки роҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» бо сабаби напардохтани маблағи қувваи барқи истифодшуда то 1 декабр нерӯгоҳи мазкурро аз кор боздошта метавонад. Директори генералии нерӯгоҳ ба унвони Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов мактуб навишта, огоҳ кард, ки қарзи истифодаи қувваи барқ то охири моҳи ноябр бештар аз 9,7 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Дар мактуб таъкид карда мешавад, ки агар қарзи мазкур сари вақт пардохта нашавад, роҳбарияти нерӯгоҳ ночор тадбирҳои қатъӣ андешида, истеҳсоли қувваи барқро қатъ хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба ин мавзӯъ аз котиби матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хоҳиш кард, ки ин масъаларо шарҳ диҳад. Нозирҷон Ёдгорӣ зикр намуд, ки қарзи Тоҷикистон аз НБО «Сангтӯда – 1» то имрӯз 14 миллиону 562 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Баъди сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия моҳи октябри соли равон, аз ҷумла дар бобати пардохти қарз аз НБО «Сангтӯда – 1» созишнома имзо карда шуда буд. Мувофиқи созишномаи мазкур бо розигии Ҳукумкати Тоҷикистон ҷадвали пардохти қарз тартиб дода шуд. Онро роҳбари ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов ва директори генералии НБО «Сангтӯда – 1» Раҳматулло Олҷонов имзо карда буданд. Аз рӯи ҷадвали мазкур, «Барқи тоҷик» бояд аз моҳи ноябр сар карда, ҳар моҳ ба ҳисоби пардохти қарз 3 миллион доллари ИМА ҷудо кунад. Маблағи қарз бояд то 31 марти соли 2010 пурра пардохта шавад. «Барқи тоҷик» мувофиқи ҷадвали мазкур охири ҳамин ҳафта ба ҳисоби пардохти қарз 1,2 миллион доллар ва то охири моҳи ноябр 3 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард. Сабаби дер пардохтани қарз ба он вобаста мебошад, ки дар Тоҷикистон тартиби пешпардохти истифодаи қувваи барқ вуҷуд надорад ва истифодабарандагони қувваи барқ пули онро сари вақт намедиҳанд. Проблемаи пардохти қарзи НБО «Сангтӯда – 1» баробари ҳалли масъалаи ҷамъоварии саривақтии пули қувваи барқи истифодашуда аз байн хоҳад рафт. Бо вуҷуди ин «Барқи тоҷик» вазифадор шудааст, ки тамоми маблағи қарзро пардозад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки НБО «Сангтӯда – 1» моҳи июли соли 2009 ба истифода дода шуда буд. 66,4 фоизи саҳмияҳои он ба Ҳукумати Русия, 16,45 фоизи саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва 14,9 фоизи саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Ширкати федералии шабакаҳои барқии Русия тааллуқ доранд. НБО «Сангтӯда – 1» айни ҳол дар як сол қариб 2,7 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






