БЕМОРОНИ СИЛРО МЕКӮЧОНАНД
Ҳамадонӣ, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар” Сулаймон Холов).- Бо қарори Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ аҳолии деҳаи Қарағочи ноҳия ба дигар мавзеъ кӯчонида мешавад. Дар ин деҳа, ки шашсад хонавода зиндагӣ мекунад, ҳамагӣ гирифтори бемории сил мебошанд. Асрор Юсупов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, аз солҳои 1998 1999 мардуми ин деҳа ба якборагӣ гирифтори бемории сил гардидаанд, вале талошҳои ҳам ҳукумати маҳаллӣ ва ҳам созмонҳои мададрасон ҷиҳати солим гардонидани онҳо натиҷаи чашмрас надод. Дар навбати аввал Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ 20 хонаводаро аз деҳаи Қарағоч 15 километр дуртар, ҷойе, ки қавли масъулин шароити хуб дорад, кӯчониданист. Хонаҳои онҳо бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ бунёд ёфта, барои табобати ҳар як хонавода ҳукумат якуним ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






