БУНЁДИ «НУРОБОД-1» ВА «НУРОБОД-2» АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӣ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 ноябри соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи баргузории Форуми иқтисодии «АвроОсиё–2009» мулоқоти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Чин Чэн Юан ва роҳбарони департаменту идораҳои асосии ин бонк баргузор гардид. Аз хадамоти матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот раиси БМТ Шариф Раҳимзода аз дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ ва тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҶТ маълумот дод. Ӯ қайд намуд, ки новобаста аз таъсири манфии бӯҳрон ба иқтисодиёти кишвар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 2,1% афзуда, сатҳи таваррум 4,7%-ро ташкил дод. Қурби асъори миллӣ тақрибан 27% коҳиш ёфта, дар як сатҳ қарор дорад. Таъсири бештари бӯҳрон дар поён рафтани нархи алюминий ва пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошанд, дида мешавад. Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ оид ба рушди соҳаи гидроэнергетика, ки кишвари мо аз захираҳои ин намуди энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза бой мебошад, маълумот дод. Вазир сатҳи ҳамкориҳои ширкатҳои хитоӣ ва тоҷикистониро хуб арзёбӣ карда, қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз дар Тоҷикистон якчанд лоихаҳои аҳамияти стратегидошта, дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт татбиқ карда мешаванд, ки самараи неки ҳамкориҳои ҳар ду кишвар аст. Гул Шералӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони Маркази гармию барқӣ дар шаҳри Душанбе, нерӯгоҳҳои барқи обии «Нуробод-1» ва «Нуробод-2», ки бо иштироки ширкатҳои чинии «TBEA» ва «CHINA HYDRO» бунёд мегарданд, маълумот дода, аз роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин баррасии маблағгузории сохтмони иншооти мазкурро дархост кард. Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо омодагии худро бобати густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиву молиявии Тоҷикистон ва Чин иброз дошта, роҷеъ ба нақшабандӣ ва тарҳрезии барномаи панҷсолаи ҳамкориҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки давлатии рушди Чин табодули назар карданд. Роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин иброз намуд, ки омода аст гурӯҳи кории бонкро барои омӯзиши масъалаҳои марбута ба ҶТ сафарбар намуда, лоиҳаҳои муштараки пешниҳодшударо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳанд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






