«ЧАРХИ ГАРДУН» ҒАМ НАДОРАД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Табаров) — 18 ноябри соли ҷорӣ яке аз асосгузорони матбуоти муосири тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чархи гардун» зодрӯз дорад. ҶДММ «Чархи гардун» аз соли 1994 дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Шумораи нахустини аввалин нашрияи ин ширкати иттилоотӣ — ҳафтаномаи «Дайджест-пресс», соли 1994 аз чоп баромадааст. Ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Авиценна», «Зан ва мард», «Вечерный Душанбе», «Дайджест-пресс», «Аладдин», «Анӯшервон», «ВиД», «Женщина и мужчина» хонандагони доимии худро пайдо карда дар рушди иҷтимоии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯз ҶДММ «Чархи гардун» зиёда аз 100 кормандро дар тамоми гӯшаҳои мамлакат фаро гирифта, дорои таҷҳизоти муосири моддӣ-техникӣ ва чопхонаи замонавӣ мебошад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик ҶДММ «Чархи гардум» рӯзномаҳоро бо забони тоҷикӣ нашр хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






