ДАР АРАБИСТОН ДУХТУРҲОИ ТОҶИКРО ИНТИЗОРАНД

Ноябрь 2, 2009 14:22

                  Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова) — Ҳайати кории шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Раиси комиссияи миллӣ оид ба кор таъминкунии Шӯрои палатаи савдо ва саноати ин мамлакат Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ ва роҳбари Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ Сафиало Девонаев бо роҳбарияти вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор карданд.                  Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД хабар доданд, дар рафти вохурӣ ҷониби Арабистони Саудӣ ба табибони тоҷик ва корманони соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Меҳмонон ба сатҳи касбияти духтурони тоҷик баҳои баланд дода, масъалаи равон кардани табибони тоҷикро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Арабистони Саудӣ баррасӣ карданд. Ягона талаботи онҳо донистани забонҳои англисӣ ва арабӣ мебошад. Бинобар ҳамин ҷониби Арабистон дар назар дорад, ки механизми таълим ва омӯзиши муҳоҷирони меҳнатиро бо забонҳои англисиву арабӣ ба роҳ монад.

Ноябрь 2, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд