ДАР КӮЛОБ 8 ГЕКТАР ГАРМХОНА БУНЁД КАРДА ШУДААСТ

Ноябрь 23, 2009 15:39

                    Кӯлоб, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, аз як қитъа рӯёнидани ду се ҳосил ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳқонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардида, дар амал татбиқ карда мешаванд. Вазорати кишоварзии мамлакат аз рӯи нақша дар ноҳияҳои кишвар барои парвариши сабзавот ва полезӣ дар ҳамаи фасли сол сохтмони гармхонаҳоро ба нақша гирифтааст. Баҳри татбиқи ин нақша дар ноҳияи Кӯлоб то имрӯз ҳашт гектар гармхонаҳо сохта шуда, кишти зериплёнкагӣ идома дорад.. Ин раванд дар ҷамоъати деҳоти Кӯлоб хуб ба роҳ монда шуда, хоҷагии деҳқонии Луқмони Ҳакими ҷамоати деҳоти мазкур, аллакай майдони гармхонаҳоро ба як гектар расонидааст. Ҳоло деҳқонон картошкаю пиёзи тирамоҳиро корида, ҳосили сабзию шалғам ва дигар анвои сабзавотро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Бино бар иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Кӯлоб сохтмони 24 гектар гармхонаҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии чор ҷамоати деҳот ба нақша гирифта шудааст, ва он то соли 2011 марҳила ба марҳила амалӣ гардида, фаровонии маҳсулоти хоҷагии қишлоқро тамоми фасли сол дар бозорҳои дохилӣ таъмин хоҳад кард.

Ноябрь 23, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад