ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЙХАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФУТБОЛ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Федератсияи байналхалқии футбол 20 ноябр рӯйхати навро дар бораи мавқеъ ва мақоми дастаҳои мунтахаби футболи мамлакатҳои ҷаҳон нашр намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур 6 зина боло баромада, дар байни 201 мамлакати ҷаҳон ҷои 162 – юмро ишғол менамояд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз ин дар ҷои 168 – ум қарор дошт. Футболбозони тоҷик инчунин дар байни дастаҳои футболи қитъаи Осиё мавқеи худро беҳтар намуда, айни ҳол ҷои 33 – юмро ишғол менамояд. Дар рӯйхати Федератсияи байналхалқии футбол дастаи мунтахаби Испания ҷои аввалро ишғол мекунад. Қабл аз ин дастаи мунтахаби Бразилия дар ҷои аввал қарор дошт. Дар ҷои сеюми рӯйхати дастаи мунтахаби Голландия қарор дорад. Дастаи мунтахаби футболи Русия баъди бохтани бозӣ бо дастаи мунтахаби Словения аз ҷои 22 — юм ба ҷои 24 – ум фуромад. Дастаи мунтахаби Словения дар рӯйхати мазкур 16 зина боло баромада, айни ҳол ҷои 33 – юмро ишғол мекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






