ДАЪВАТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз 16 то 18 ноябри соли равон дар Душанбе конфронси минтақавии мусоидат ва ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи безарар гардондани минаҳо баргузор гардид. Ташкилкунандагони конфронси мазкур вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии эҳтимоди Ҷумҳурии Словения мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров сухан кард. Вай изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори аз мина тоза кардани тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин ҳамаи малактҳои минтақа даъват карда мешаванд, ки ба муоҳидаи Оттава дар бораи истифода набурдан ва безарар гардонидани минаҳои зидди пиёдагардон ҳамроҳ шаванд. Б.Худоёров зикр кард, ки проблемаи минаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Мувофиқи муоҳидаи Оттава қаламрави ҷумҳурӣ бояд то 1 апрели соли 2010 аз мина пурра тоза карда шавад. Вале иҷрои нақшаи мазкур бо сабаби нарасидани маблағ, мутахассисони безарар гардондани минаҳо ва воситаҳои механикӣ дар мӯҳлати муқаррашуда имконнопазир мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мӯҳлати безарар гардондани минаҳо 9 соли дигар дароз карда шавад. Ин масъала дар конфронси ояндаи наздик дар Колумбия баргузоршаванда муҳокима карда мешавад. Вазири адлияи ҷумҳурӣ дар бораи проблемаи аз мина тоза кардани минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронда, зикр кард, ки ин ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарари хеле калон мерасонад. Баъди соли 1999 бар асари таркиши минаҳо 74 нафар ҳалок ва 161 нафар маҷрӯҳ шуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокдори ҳуҷҷатҳои байналхалқии эҳтироми ҳуқуқи инсон ва узви созмонҳои мӯътабари минтақавию байналхалқӣ мебошад. Бинобар ин ин мамлакат бояд дар ҳалли проблемаи безарар гардондани минаҳо дар минтақаи сарҳад саҳми худро гузорад. Б.Худоёров пешниҳод кард, ки дар Осиёи Марказӣ муассисаи махсуси ҳамоҳангсози тадбирҳои безарар гардондани мина таъсис дода шавад. Ин имкон хоҳад дод, ки тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз хавфи фалокатбори минаҳо пурра тоза карда шавад, гуфт вазири адлияи Тоҷикистон.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






