Э. РАҲМОН ҚОНУНҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО БА ИМЗО РАСОНИД

Ноябрь 20, 2009 10:46

                   20-уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд ба имзо расиданд. Имрӯз ин қонунҳо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расиданд ва мавриди амал қарор гирифтанд.Мутобиқи қонунҳои қабулгардида ҳар сол 30 сентябр бахшида ба хотираи бузургдошти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, орифи бузург рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд.                   Рӯзи иди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.                    Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мояи ифтихор бошад.Қайд кардан ба маврид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо, дорои аҳамияти бузург аст. Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.                    Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дурафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар Ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.                   Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.                  Имсол рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифт ва он дар сатҳи баланд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. 

Ноябрь 20, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд