Э. РАҲМОН АЗ КОРХОНАИ АЗИМИ МОШИНСОЗИИ БЕЛАЗ ДИДАН КАРД

Ноябрь 27, 2009 08:34

                 26-уми ноябри соли 2009Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Жодина аз корхонаи азими мошинсозии БелАЗ дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон бо корхонаи БелАЗ, ки мошинҳои пуриқтидори боркашаш дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва дигар иншооти стратегии кишвари мо саҳми намоён доранд, изҳори қаноатмандӣ карда, масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориро бо роҳбарияти он баррасӣ намуд.                     Бо қаноатмандӣ ҳамчунин аз кори марказҳои тармим ва хизматрасонии мошинҳои БелАЗ, МАЗ ва дигар техникаи истеҳсоли Беларус дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, мусоҳибон ҳамзамон кушодани як корхонаи муштаракро оид ба тармиму навсозӣ ва истеҳсоли чархҳои мошин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ зарур шумурданд.                    Зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон наздики 300 адад мошинҳои нави БелАЗ, МАЗ ва дигар техникаи нави истеҳсоли Беларус, ки тайи се соли охир харидорӣ шудааст, пурсамар кор мекунанд.                    Баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати мутақобилан судманди дуҷониба қарор карда шуд, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе намоиши техникаву таҷҳизот ва молу маҳсулоти Беларус гузаронда шавад.                      Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти унвони «Кишварҳои ИДМ – ро пайваст месозем», иштирок мекунад.                    Дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории кишварҳои аъзои иттиҳод оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва мутобиқ намудани кори мақомоти идорӣ ва хоҷагии халқ бо имкониятҳои муосири техникӣ баррасӣ мегарданд.                    Дар ҳошияи ин ҳамоиш шоми ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуда, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар шаҳри Минск ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, ки дар сатҳи сарони давлатҳои аъзои он баргузор мегардад, иштирок хоҳад намуд.

Ноябрь 27, 2009 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд