Э. РАҲМОН АЗ СТЕФАН МИЛЛАР ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 24, 2009 13:00

                     24-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Канада дар Тоҷикистон Стефан Миллар эътимоднома қабул намуд.                    Зимни сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Миллар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Канада баррасӣ шуд.                    Пеш аз ҳама аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар соҳаҳои амнияту мудофиа ва безараргардонии мина ва дигар моддаҳои тарканда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                     Ҳамзамон таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ, ки ҳарду кишвар дар онҳо имкону захираҳои фаровон ва таҷрибаи фарох доранд, дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.                     Гуфтугӯйи судманд оид ба авзои кунунии Афғонистон, ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Канада дар чаҳорчӯби нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳамчунин доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Ноябрь 24, 2009 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад