Э. РАҲМОН: «БА МАСЪАЛАИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ БОЯД КАРД»

Ноябрь 20, 2009 13:20

                Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз тантанаи асосии ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи «Ваҳдат» баргузор гардид.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону толибилмон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистонро, ки асосан хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошанд, ба ифтихори ҷашни мубораки 70-солагии он самимона табрик намуда, зикр кард, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби худ ба таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб, ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва умуман рушди тиб таваҷҷӯҳ ва афзалияти махсус медиҳад. Зеро ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумат аст.                  Дар ин замина соли 2006-ум Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006–2015 қабул намуд, ки тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳадафи асосии он мебошад. Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ агар солҳои 2002-2005 ҳамагӣ чоруним миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, пас ин рақам дар чор соли охир зиёда аз 41 миллион сомониро ташкил додааст.                  Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар донишгоҳ, аз ҷумла дар шӯъбаи тайёрии он аз 15 мамлакати дунё зиёда аз 500 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Умуман, ин боргоҳи илму маърифати тиббӣ дар тӯли таърихи 70-солаи худ 32500 нафар мутахассисони дорои маълумоти олиро аз рӯи чандин ихтисос тарбия кардааст.                 Президенти кишвар роҳбарони вазорат, донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳро масъул ва ӯҳдадор намуд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳое, ки имрӯз дар донишгоҳ фароҳам оварда шудаанд, дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯзаашон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳамчун масъалаи муҳимтарини рӯз муносибат карда, шогирдонро ба амиқу ҳамаҷониба омӯхтани назария ва дастовардҳои амалии тибби муосир, ҳамчунин маърифату маданияти баланди пешаи табибӣ ташвиқ ва водор намоянд.                   «Ба шумо – омӯзгорони мӯҳтарам муроҷиат карда, таъкид месозам, ки бо дарназардошти талаботи дохиливу хориҷии кишвар дар баробари тарбияи кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои мавҷуда, инчунин кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманди соҳаи генетикаи тиббӣ, трансплантология, микрохирургия ва дигар соҳаҳои навтарини илми тибро ба камол расонида, шогирдони навовару ҷӯянда, дорои тафаккури нави тиббӣ, огоҳ аз дастоварду кашфиёти илми тибби ҷаҳонӣ, технология ва таҷҳизоти навтарин, хулоса табибони муосир, соҳибмаърифату ватандӯст ва дорои дасту дили покро тарбия намоед», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.  

Ноябрь 20, 2009 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст