Э. РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД САФАР КАРД
29-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба кор даровардани хатти 500 киловолтаи Ҷануб — Шимол, се хатти 220 киловота, корхонаи азими ресандагӣ дар ноҳияи Спитамен ва ҳамчунин анҷом додани мулоқоту сӯҳбатҳо бо фаъолон ва аҳли заҳмат ба вилояти Суғд сафар кард. Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба зеристгоҳи Хуҷанди хатти 500 киловолтаи Ҷануб — Шимол ташриф оварда, бо пахши тугма ин иншооти муҳими асрро ба кор даровард. Бо пахши ҳамин тугма ҳамчунин се хатти 220 киловолта, ки хатти 500 киловолтаи Ҷануб – Шимолро бо шабакаҳои вилоятӣ пайваст месозанд, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамин тариқ 29 — уми ноябри соли 2009 чун рӯзи муҳими таърихӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт шуд. Чунонки таъкид гардид, бо фаъол гаштани ин хат шабакаҳои барқии вилояти Суғд бо марказ ва ҷануби кишвар пайваст шуданд ва Тоҷикистон дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ гардид. Зимни шиносоӣ бо маркази идории хатти интиқоли барқ ва суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бунёдкорону меҳмонони сершумор, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти муҳими аср бо техникаю технологияи навтарини соҳа муҷаҳҳаз гашта, зеристгоҳҳои он беҳтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошанд. Таҷҳизоти пешрафтаи он, ки аз ҷониби ҳамагӣ 3 нафар идора карда мешавад, имкон медиҳад талафоти техникии нерӯи барқ 14% кам гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат бори дигар аз «Ҷабҳаи заҳмати созанда» эълон гаштани бунёди нерӯгоҳи Роғун ёдовар шуда, мардуми вилояти Суғд ва кулли мамлакатро ба саҳгузории фаъол даъват намуд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Шӯрои сиёсӣ — машваратии ноҳияи Синтсзяну Уйғур Асхат Каримбой суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар марҳилаи беҳтарини рушди худ қарор доранд. Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди хатти 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол ва се хатти 220 киловота дар вилояти Суғд аз ҷониби ширкати ТВЕА — и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағгузории муштараки Тоҷикистон ва Бонки воридоту содироти Чин як сол пеш аз мӯҳлат ба поён расонда шуд. Дар ноҳияи Ғончӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Сексарии ҷамоати деҳоти Яхтан ташриф оварда, ба кишти тирамоҳии гандум оғози расмӣ бахшид. Чунонки иттилоъ дода шуд, ин ҷо дар зиёда аз 200 гектар замин тухмии хушсифати навъи Старшина кишт карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хоҷагии деҳқонии Баҳор ташриф оварда, аз гармхонаҳои сабзавоткории он дидан кард. Чунонки маълум шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар ду гармхонаи навбунёд 23 октябри соли равон сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла бодиринг, помидор, қаламфур ва ғайра кишт намудааст ва имрӯз бодирингаш аллакай ба ҳосил омадааст. Деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар як ниҳоли помидор то 4 — 4,5 кг ҳосил рӯёнда, аз 1700 ниҳол помидори як гармхона то 5 тонна ҷамъоварӣ намоянд. Зимни шиносоӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба ривоҷ додани сабзавоткории барвақтӣ дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд бо муваффақият иҷро мешаванд. Ҳамин тариқ соли равон дар вилояти Суғд аз гармхонаҳо 509 тонна сабзавоти барвақтӣ рӯёнда шудааст. Соли 2007 бошад ин нишондод ҳамагӣ 28 тоннаро ташкил дода будааст. Дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 22 нафар писарчаҳои ятим ва аз оилаҳои камбизоат иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо волидони ин кӯдакон ва суханронӣ дар назди мардуми ҷамъомада аз риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар зарфи 2 солу 6 моҳи татбиқи он аҳолии мамлакат ҳангоми гузарондани маъракаҳо беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ сарфа намудаанд. Дар ҳамин ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ресандагии Спитамен Текстайлз, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони бунёдкори он дастур дод, ки то ҷашни 20 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне сентябри соли 2011 ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ, рангу бор ва дӯхти либос низ дар ҳамин ҷо ба кор дароварда шаванд. Зимни шиносоӣ бо кори корхонаи ресандагӣ маълум шуд, ки он дорои иқтидори солонаи коркарди 3,5 ҳазор тонна нахи пахта буда, айни ҳол дар он 600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд ва бо фаъол гаштани се корхонаҳои дигар — бофандагӣ, рангу бор ва дӯхти либос шумораи коргарон дар ин ҷо ба зиёда аз 1500 нафар хоҳад расид. Баъди шиносоӣ бо кори корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли заҳмати ин корхона ва меҳмонони сершумор суханронӣ намуда, бо онҳо сӯҳбатҳои ҷолибу дилнишин анҷом дод. Мардуми ҷамъомада тадбирҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла оид ба сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун мавриди дастгирию пуштибонии ҳамаҷониба қарор дода, баҳри харидории саҳмияҳои он изҳори омодагию ҳавасмандӣ карданд.