ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ НАМАК БОЗДОШТ КАРДА ШУД
Кӯлоб, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).- Идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб фаъолияти Корхонаи намакистеҳсолкуниро дар ноҳияи Ҳамадонӣ манъ намудааст. Саид Давлатов, сардори идораи вогиршиносии минтақа мегӯяд, корхонаи мазкур давоми 6 моҳи фаъолият беш аз 2,5 тонна намаки камйоднокшуда ё бидуни йодро барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод намудааст. Ба қавли ӯ “Намаки истеҳсолшудаи ин корхона аз маркази савдо мусодира шуд, зеро истеъмоли намаки бейод инсонро ба бемории ҷоғар ё ба истилоҳ зоп мубтало мекунад. Мувофиқи суханони, директори маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон “Дар нӯҳ моҳи соли равон 7 ҳазор нафар сокини минтақа бо иллати гирифтории бемории ҷоғар ба онҳо муроҷиат намуданд”.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






