ФУРӮШИ ФУРӮЗОНАКҲОИ ТАФСОН ДАР БОЗОР ҚАТЪ ГАРДИД
Фархор, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар бозори марказии ноҳияи Фархор фурӯши фурӯзонакҳои тафсон қатъ гардид. Саидхуҷа Давлатов директори бозори марказии ноҳия дар бастагӣ ба ин мавзуъ гуфт, ки дар дохили бозор 20 нуқтаи фурӯши лампаҳои каммасраф мавҷуд буда, рӯзе аз 20 то 25 лампаҳои каммасраф ба фурӯш меравад. Ба гуфти Давлатов аз якуми октябр бо мақсади истифодаи сарфаҷӯёнаи барқ ва гузаштан аз лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф роҳбарияти бозор тасмим гирифт, фурӯши лампаҳои тафсонро дар бозор қатъ намояд. Дар ноҳия то ин ҷониб ташкилоту муассисаҳо 100% ва аҳолӣ 96% лампаҳои тафсонро ба лампаҳои каммасраф иваз намудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






