ГУРӮҲИ ҒОРАТГАРОН БЕЗАРАР ГАРДОНДА ШУД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Душанбе гурӯҳи муташаккили ғоратгарон фош ва безарар гардонда шуд, ки муддати тӯлонӣ ба талаю тороҷи моликияти одамон машғул буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шаҳрванди 38 – солаи чинӣ, муҳандиси корхонаи хишти ноҳияи Ҳисор Чин Лю Тсяо ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ариза дода, маълум кард, ки 12 ноябр ҳадафи ҳуҷуми гурӯҳи шахсони номаълуми ниқобпӯш гардидааст. Ғоратгарон шабона ба хонаи шаҳрванди чинӣ даромада, ӯро лату кӯб карда, бо корд ба ӯ таҳдид намуда, 750 доллари ИМА – ро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Кормандони раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалиёти фаврию самарабахш дирӯз, 17 ноябр ҳамаи се нафар аъзои дастаи ғоратгаронро дастгир намуданд. Онҳо Абдулло Холмуродови 32 – сола, Темур Акатови 40 – сола ва Мирзоалӣ Салимови 40 – сола мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳамаи онҳо қабл аз ин барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун ҳабс карда шуда буданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз шахсони дастгиршуда далелҳои шаъӣ мусодира карда шуданд. Ин дар бораи содир гардидани ҷиноят аз ҷониби онҳо равшан шаҳодат медиҳад. Айни ҳол нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тафтиши аъмоли онҳо давом дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






