ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ НАТИҶАИ САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

Ноябрь 30, 2009 05:12

               Рӯзҳои 26 – ум ва 27 – уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Форуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Қаламрави ИДМ – ро ба ҳам пайваст месозем» ва ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар Ҷумҳурии Беларус қарор дошт.                Барномаи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо боздид аз корхонаи азими мошинсозии БелАЗ, ки дар шаҳри Жодина қарор дорад, оғоз ёфт.                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо кори корхона аз наздик шинос шуда, аз ҳамкории гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон бо он изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва дигар иншооти стратегии кишвари мо саҳми намоён доранд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориро бо роҳбарияти корхона баррасӣ намуда, бо қаноатмандӣ аз кори марказҳои тармим ва хизматрасонии мошинҳои БелАЗ, МАЗ ва дигар техникаи истеҳсоли Беларус дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Зимни сӯҳбат ҳамзамон кушодани як корхонаи муштарак оид ба тармиму навсозии мошинҳо ва истеҳсоли чарху дигар қисмҳои эҳтиётии онҳо зарур шумурда шуд.                Бегоҳии рӯзи 26 — уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Арманистон, Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон дар Форуми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки оид ба дастовардҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ таҳти унвони «Қаламрави ИДМ — ро ба ҳам пайваст месозем» дар шаҳри Минск ҷараён дошт, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон форуми мазкур ва тадбирҳои муштараки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар роҳи рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ташкили робитаи осони миёни мақоти давлатӣ ва ҷомеа, фаъол намудани ҳукумати электронӣ ва ҳамзамон таъмини амнияти иттилоотиро аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба густариши чунин робитаҳо таъкид намуд.                  Шоми ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев оид ба маҷмӯи масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.                  Ҳамин гуна мулоқоти пурмӯҳтавои дуҷониба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко анҷом дод.                  Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларус баррасӣ шуд.                  Ҳамкорӣ бо корхонаҳои бузурги саноатии Беларус ва ҳамчунин содироти молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз самтҳои асосии муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар арзёбӣ гардид.                   Сарони ду давлат ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.                    Рӯзи дуюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, ки дар сатҳи сарони давлатҳои аъзои он баргузор гашт, иштирок намуд.                    Дар ин ҳамоиш ҳамчунин сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок намуданд.                    Аз зиёда аз 20 масъалае, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ гардид, масоили ташкил ва фаъол намудани Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ, фаъолияти Бонки рушд ва Хазинаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мақоми марказӣ доштанд.                    Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Иттиҳоди гумрукӣ ва ба роҳ мондани фазои ягонаи иқтисодиро мавриди дастгирӣ қарор дода, изҳор дошт, ки айни ҳол кишвари мо дар Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси нозир иштирок дорад. «Масъалаи ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шудани Тоҷикистон дар сатҳи коршиносон мавриди баррасӣ қарор дорад», — зикр намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.                   Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, пайвастани роҳҳои миёни Аврупою Осиё ва дигар тадбирҳои стратегии Тоҷикистонро саҳми намоёни кишвари мо баҳри густариши робитаҳои миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия маънидод карда, онҳоро ба ҳамкории мутақобилан судманд ва сармоягузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ даъват намуд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз тадбирҳои муттаҳидсозандаи имконоти иқтисодии кишварҳои иттиҳод таъкид намуда, барҳам задани монеаҳои сунъиро дар роҳи рафтуомади озоди шаҳрвандон, гардиши молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва густариши робитаҳои фарҳангиро аз шартҳои асосии муттаҳидшавии воқеӣ арзёбӣ намуд.                   Дар шаҳри Минск Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Беларус, ки дар ҳоли сохтмон қарор дорад, дидан карда, аз мавзеи барои бунёди он интихобшуда ва ҷараёну сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва дастур дод, ки бинои нав дар нимаи аввали соли 2010 мавриди истифода қарор дода шавад.                    Бо ҳамин барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ба поён расид.

Ноябрь 30, 2009 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид