ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГУ МАЪРИФАТИИ «СУҒД»

Ноябрь 17, 2009 11:49

                 Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — 18 ноябр дар шаҳри Хуҷанд муаррифии Маркази фарҳангу маърифатии «Суғд» баргузор мегардад. Лоиҳа бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ташкилоти байналмиллалӣ хабар доданд, ҳадафи асосии Маркази мазкур, дастгирии рушди фарҳанг ва маърифат, амалӣ намудани лоиҳаҳои башардӯстона, ҳифозат ва таҷаддуди мероси маънавӣ, амалӣ кардани барномаҳои маърифатӣ, рушди ҷамъияти кушода ва ҳифзи дастовардҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистон аст.                    «Марказ бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд, коркард ва роҳандозии барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ баҳри дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, омода кардани шабакаи барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ, мусоидат ба рушди санъати анъанавививу муосир, ташаккули равияҳои тоза дар санъати муосир, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фарҳанги халқҳое, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд бо мақсади ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ амалӣ хоҳад кард», гуфт манбаъ.                  «Дар заминаи Маркази «Суғд» солҳои 2009 -2010 ифтитоҳ ва фаъолияти 16 ташкилоти фарҳангиву маърифатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, кушодашавии мактаби рақси касбӣ, мактаби ҳунарҳои анъанавӣ ва ҳунармандону косибон, мактаби телевизионии омӯзиши забонҳои англисиву хитоӣ, китобхонаи электронии муосир, маркази дизайни ҷавонон “Арт-албиса”, студияи барномаҳои гендерӣ, маркази технологияҳои муосири иттиллоотӣ -коммуникатсионӣ, маркази ВАУ ва рӯзноманигорон, маркази машварати ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шудааст».                   Барномаи муаррифии марказ, бо консерти оркестри камеравӣ, ансамбли «Фалак», ансамбли «Шашмақом», гурӯҳи бачагонаи рақсии «Гулрез», барандагони ҷоизаҳои фестивалҳои бачагон ва наврасони байналмилалӣ ва ситораҳои ҷавони эстрада меанҷомад. Инчунин ҳангоми муаррифӣ намоиши намунаҳои либоси тарроҳон аз коллексиюни атлас хоҳад гузашт. Рассомони ҷавон ва устодони колеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи Вилояти Суғд мусаввароҳои худро маърази тамошобинон мегардонанд.Ҳамзамон дар бинои Марказ намоишгоҳи ҳунармандони вилоят хоҳад гузашт. 

Ноябрь 17, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид