ИМА ВА СОМАЛИ БА МУОҲИДАИ ҲУҚУҚИ АТФОЛ ҲАМРОҲ НАШУДАНД
Вашингтон, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон 20 – солагии қабули Муоҳидаи ҳуқуқи атфол таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳисоботи навбатии Муассисаи наҷоти атфоли СММ нашр карда шуд. Дар он гуфта мешавад, ки ҳар сол дар мамлакатҳои ҷаҳон қариб 24 ҳазор кӯдак бар асари бемориҳои гуногун ва гуруснагӣ ҳалок мешавад. Дар баробари ин миллионҳо нафар бачагон ба ҳимоя аз зӯроварӣ ва истисмори калонсолон эҳтиёҷ доранд. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки миқдори вафоти бачагон баъди қабули муоҳида хеле кам шуд. Муоҳидаи ҳуқуқи атфол ҳуҷҷати ягонаи байналмилалӣ мебошад, ки онро қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба тасвиб расондаанд. Танҳо ИМА ва Сомали ба Муоҳидаи мазкур ҳамроҳ нашудаанд. Муоҳидаи ҳуқуқи атфолро Маҷмаи кулли СММ 20 ноябри соли 1989 қабул карда буд. Муоҳида мамлакатҳои ҷаҳонро даъват менамояд, ки ҳуқуқи бачагон ба таҳсил, зиндагии шоиста, муҳофизат аз ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ ва ғайра эҳтиром карда шавад. Муоҳида дорои 54 модда мебошад, ки дар онҳо ҳуқуқҳои асосии бачагон ба зиндагӣ, нашъу нумӯъ, муҳофизат аз таъсири манфии зӯроварӣ ва истисмор, инчунин иштирок дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоӣ ба ҳукми қонун дароварда шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






