ИТТИЛОИЯИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Ноябрь 26, 2009 13:49

                 Маскав, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар» — тоҷэмбасси.ру). – Дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 23 ноябр иттилоия пахш намуд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:                  «Мавзӯи забони русӣ дар Тоҷикистон фасли тирамоҳи соли равон ғайричашмдошт ва яку якбора дар матбуоти Русия ба яке аз мавзӯъҳои муҳим табдил ёфт. Дар арафаи сафари нахустини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, дар ҷараёни он ва баъди сафар дар саҳифаҳои нашрияҳои мӯътабар ва ҳатто саҳифаҳои интернет ва нашрияҳои маҳаллию минтақавӣ дар ин мавзӯъ мақолаҳои гуногун чоп шуданд.                   Ба касе лозим буд, ки ҳамон вақт бомбаи иттилоотиро тарконад. Ба хонандагон дар бораи мавқеъ ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон хабару мақолаҳои хеле зиёд пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, хабар дода мешуд, ки гӯё забони русӣ дар Тоҷикистон забони номатлуб эълон шудааст, дар Тоҷикистон мақоми давлатии забони русӣ бекор карда шудааст ва забони русӣ аз мақоми забони муоширати байналмилалӣ маҳрум гардидааст, дар Тоҷикистон ба муқобили забони русӣ ҷанг эълон кардаанд ва ғайра ва ҳоказо. Хулоса гӯё бо қабули Қонуни нави забони давлатӣ осмон омада ба замин часпида ва қиёмат қоим шуда бошад.                   Бале, Тоҷикистон Қонуни нави забони давлатиро қабул намуд, ки қонуни 20 сол боз амалкунандаро иваз намуд. Қонуни пештара соли 1989 ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ қабул шуда буд. Ин қонун соҳаҳои истифодаи забони давлатиро танзим менамояд.                   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 баъди соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон қабул гардида буд. Дар моддаи дуюми боби аввали Қонуни асосӣ — «Сохти асосии конститутсионӣ» гуфта мешавад: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Забони русӣ забони муоширати байналмилалӣ аст».                  Ҳамагӣ дар давоми ду даҳсолаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти Тоҷикистон дар ҳаёти мамлакат ҳамон қадар дигаргуниҳо ба амал омаданд, ки барои як марҳилаи бузург кифоят мекарданд. Дар ин солҳои душвору ғайримуқаррарӣ забони давлатӣ низ мувофиқи талаби замон тағйир ёфт. Ҳаёт ва рушди муттасили соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ҳимояи иловагии қонунӣ ва ба тартиб овардани забони тоҷикиро дар шароити имрӯзаи хусусияти умумибашарӣ пайдо намудани проблемаҳо тақозо мекарданд.                  Мо шоҳидем, ки роҳбарияти мамлакат ба забон таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда, аз роҳбарони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ талаб менамояд, ки мавқеъ ва мақоми забони русиро ҳамаҷониба вусъат бахшанд. Ин иқдоми дуруст ва мантиқӣ мебошад. Забон ҳамчун заминаи мавҷудияти ҳар миллат, аз ҷумла заминаи ташкили давлати мустақил буда, ба муносибати давлатӣ ба ҳимоя ва инкишофи он эҳтиёҷманд аст. Президент ва Парлумони Тоҷикистон маҳз ҳамин иқдомро пеш гирифтаанд.                   Масъалаҳои забон ҳамеша хеле нозук буданд ва ҳамин тавр боқӣ мемонанд, зеро онҳо ба соҳаи хеле нозуки муоширати байни одамон ва умуман мубошират дахл доранд. Дар ин маврид сухан дар бораи забон ҳамчун рукни давлатӣ меравад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон роҳи оқилона, сабру таҳаммул ва муносибати эҳтиромона ба чунин масъалаҳо, хусусан аз ҷониби давлатҳое, ки бо мамлакати мо муносибатҳои стратегии иттифоқчигӣ доранд, пеш гирифтанд ва мегиранд.                  — Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки забони русӣ барои мо даричае ба илм, воситаи мубошират бо ҷаҳони беруна мебошад, аз даст додани чунин сармоя бар зарари мост! – гуфт Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари нахустини давлатии ба қарибӣ дар Русия анҷомёфтааш. – Забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми конститутсионӣ дорад ва забони муоширати байни миллатҳо мебошад, ҳеҷ кас чунин мақоми онро тағйир нахоҳад дод. Санадҳои Президент ва Ҳукумат ба забонҳои тоҷикию русӣ қабул гардида, дар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба забони русӣ чоп мешаванд, — гуфт Президент. – Забони Пушкин, Толстой, Ломоносов, Менделеев, Шукшин ва Левитан ба ягон таҳрифкорӣ эҳтиёҷ надорад, вай бе ягон кӯмак мақоми арзанда дошт ва дорад.                  Дар ин бора Президент зимни мулоқотҳояш дар Маскав чӣ дар толори Кремл, чи зимни мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорон ва чи ҳамдиёрони хориҷӣ сухан ронда буд.                    Дар бораи он ки дар Тоҷикистон барои рушди забони русӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, факту рақамҳо шаҳодат медиҳанд.                   Дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шудааст, ки барои тавсиаи равобити байналхалқӣ, ғанитар гардонидани дастовардҳои фарҳанг ва арзишҳои маънавии халқҳо, муҳайё сохтани шароит барои тезонидани суръати пешрафти илму техника ва истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамаҷониба такмил дода шавад.                    Барои ин дар мамлакати мо Барномаи давлатии беҳтар сохтани таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои солҳои 2004 — 2014 қабул карда шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таҳияи барномаи мазкур аз ҷумлаи олимон, мутахассисони соҳаи маориф ва фарҳанг, намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ комиссияи махсус ташкил дод. Ин забонҳо вобаста ба барномаи ягонаи давлатӣ инкишоф дода мешаванд, ки барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ пешбинӣ шудааст.                    Зимни таҳияи нақшаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои буҷети давлатӣ дар солҳои алоҳида барои амалӣ сохтани барномаи мазкур мувофиқи имконоти мавҷуда маблағ ҷудо карда мешавад.                   Вазорати маориф ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамроҳи вазорату идораҳои дахлдор барои тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ тадбирҳои мушаххас андешида, таълими методии онҳоро сол то сол такмил медиҳанд. Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи намоишҳоро ба забонҳои русию англисӣ таҳия намуда, вақти пахши онҳоро торафт бештар мегардонад. Ҳукумат ҳар шаш моҳ натиҷаи корҳоро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор медиҳад.                    Сокинони Русия ҳар гуна хабару мақолаҳои ваҳмангезро дар бораи забони русӣ дар Тоҷикистон хонда, ба ҳайрат меафтанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаи мамлакати мо ҳар ҳафта рӯзи сешанбе «Рӯзи забони русӣ» гузаронида мешавад. Дар ин рӯз ҳамаи талабагону муаллимон танҳо ба забони русӣ сӯҳбат мекунанд, ин ба омӯзиши забони русӣ кӯмаки калон мерасонад. Мувофиқи барномаи давлатӣ забони русӣ ҳанӯз дар муассисаҳои томактабӣ ҳамчун фанни алоҳида омӯхта мешавад. Дар барномаҳои таълимии мактабҳои миёна дар давоми ҳафта гузаронидани 24 соат дарси забони русӣ пешбинӣ карда мешавад, аз аввали амалӣ сохтани барнома соати дарсҳои забони русӣ 2 соат зиёд карда шуд.                 Мувофиқи маълумоти вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3810 мактаби таълимоти миёнаи ҳамагонӣ дар 1160 мактаб (шумораи умумии талабагонашон 374411 нафар) синфхонаҳои таълими забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ мавҷуданд.                  Аз ин ҷумла, дар 15 мактаби таълимоти умумии миёнаи ҳамагонии ҷумҳурӣ, ки 10874 талаба доранд, ба забони русӣ таълим дода мешавад. Дар 95 мактаб, ки дорои 112962 талаба мебошанд, машғулиятҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ гузаронида мешавад, дар як мактаб (шумораи талабагонаш 55 нафар) таълим ба забонҳои русию ӯзбекӣ, дар як мактаб (шумораи талабагонаш 278 нафар) таълим ба забонҳои қирғизию русӣ ва 61 мактаб (шумораи талабагонаш 56639 нафар) таълим ба забонҳои русию ӯзбекӣ ва се мактаби дигар (шумораи талабагонаш 3639 нафар) таълим ба забонҳои тоҷикию русӣ ва қирғизӣ ва дар як мактаб, ки 900 талаба дорад, таълим ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.                Дар хусуси омода сохтани муаллимони забони русӣ дар мактабҳои олӣ ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ мувофиқи стандарти давлатӣ тайёр карда шудаанд. Дар онҳо диққати асосӣ ба беҳтар сохтани сифати таълим ва андӯхтани дониши мукаммал равона карда шудааст. Мутахассисони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев тайёр карда мешаванд.                  Дар давоми панҷ соли охир имзои созишномаҳо дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, мактабҳои олӣ ва донишҷӯён дар масъалаи омода сохтани омӯзгорони забони русӣ барои мактабҳои ноҳияҳои дурдаст мавриди амал қарор дода мешавад.                   Дар Тоҷикистон шумораи торафт бештари донишҷӯён ихтисоси «Забон ва адабиёти рус» –ро меомӯзанд. Айни ҳол дар 120 гурӯҳи мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи махсус 1181 талаба ба забони русӣ таҳсил мекунад. Дар мактабҳои олӣ 4036 донишҷӯ ихтисоси «Забони русӣ» — ро меомӯзад, инчунин дар 3120 гурӯҳ, ки 31236 донишҷӯро дар бар мегирад, ихтисоҳои гуногун бо забони русӣ омӯхта мешаванд.                 Дар доираи барномаи давлатӣ, дар назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони забони русӣ кушода шудааст. Дар ин мактаби олӣ барои беҳтар сохтани сифати таълими забони русӣ, инчунин дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, моҳи марти Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С.Улуғзода бо кӯмаки Фонди «Ҷаҳони Русия» марказҳои забони русӣ ташкил карда шуданд. Ояндаи наздик чунин марказ дар Донишгоҳи миллӣ низ кушода мешавад. Дар Тоҷикистон моарти соли равон бо дастгирии Фонди «Ҷаҳони Русия» ва Сафорати ФР дар ҶТ «Ҳафтаи забони русӣ» гузаронида шуд. Дар доираи ҳафтаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷашнвораҳои забони русӣ баргузор гардиданд.                 Дар мактабҳои олии системаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва панҷ шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки ҳамаи рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ навишта ва ҳимоя карда, баъдан дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия тасдиқ карда мешаванд.                  Барномаи давлатӣ мувофиқи эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллии мамлакат дар назди мактабҳои олӣ дар бобати муқаррар намудани роҳу усулҳои тайёр намудани тарҷумонҳои соҳавӣ вазифа ба миён мегузорад. Ҳар сол дар мамлакат теъдоди зиёди тарҷумонҳои забони русӣ дар соҳаҳои ҳуқуқ, журналистика, илмҳои гуманитарӣ, иқтисод ва идора, геология, тиб, техника, фарҳанг, ҳунар, нақлиёт ва фаъолияти низомӣ, инчунин тезникаи кишоварзӣ тайёр карда мешаванд. Ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ бо нусхаҳои электронии фарҳангу луғатҳои русию тоҷикӣ ва русию тоҷикию англисӣ таъмин карда шудаанд.                   Дар давраи амалӣ сохтани Барномаи давлатӣ дастурҳои гуногуни таълимию методӣ, аёнӣ ва китобҳои дарсӣ тайёр карда шудаанд, ки онҳоро талабагону донишҷӯён истифода мебаранд. Аз ҷумла, омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С.Улуғзода «Дастурамали таълими забони русӣ» — ро барои донишҷӯёни мактабҳои омӯзгорӣ ва «Луғати англисию тоҷикӣ ва русӣ» — ро таҳия намуданд, ки бештар аз 20 ҳазор калима дорад. Дар ҳамин донишкада аз рӯи мавзӯи илмии «Усулҳои нави таълим ва омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» таҳқиқоти илмӣ давом дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои он нашри ду асари илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии ба номи С.Айнӣ баъди таҳқиқоти илмии дусола ду қисми китоби дарсии «Машғулиятҳои амалӣ оид ба забони русӣ» ба чоп тайёр карда шуд. Дар Тоҷикистон ҳар се моҳ як маротиба маҷаллаи илмию методии «Русский язык и литература в школах Таджикистана» нашр карда мешавад.                  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба нашри давра ба давраи 62 номгӯй китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии забони таълимашон русӣ, 26 номгӯй китоби дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи махсус ва 189 номгӯй адабиёти бадеӣ ба забони русӣ шурӯъ мекунад, ки теъдоди умумии онҳо 22 ҳазор нусхаро ташкил хоҳад дод.                   Шояд ин ба назари баъзеҳо кам намояд. Ин албатта барои Русия барин давлати бузург кам аст, аммо барои Тоҷикистони на он қадар калон қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Бояд гуфт, ки омӯзиши забони русӣ танҳо бо Барномаи давлатӣ маҳдуд намегардад, забони русиро дар мамлакати мо бо роҳҳои дигар низ меомӯзанд ва истифода мебаранд. Мо дар ин бобат бо шарикони худ аз Русия ҳамкорӣ мекунем.                  Тавре ки мушоҳида мешавад, онҳое, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, пеш аз ҳама кӯшиш мекунанд, ки мактабҳо ва литсейҳо кушоянд. Дар ин вазъият зиёд кардани мактабҳои русӣ ба манфиати Тоҷикистон мебошад. Ҳоло шумораи онҳо дар Тоҷикистон хеле кам гардидааст. Ба чунин мактабҳо дохил кардани бачагон тақрибан ғайриимкон мебошад, зеро дастур дода шудааст, ки фарзандони сокинони маҳаллӣ ба чунин мактабҳо қабул карда нашаванд.                  Ҳар сол дар асоси қарордодҳои вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия бо даъвати раиси шаҳри Маскав Ю.Лужков 15 талабаи мактабҳои Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Московия» таҳсил ва истироҳат мекунанд. Академияи маорифи Тоҷикистон таҷрибаи Русияро истифода бурда, лоиҳаи ташкили чунин истироҳатгоҳро бо мақсади омӯзиши забони русӣ барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тартиб дода, ба муҳокимаи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ва Шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ пешниҳод намуд.                 Тоҷикистон дар ин бобат ба кӯмаку дастгирии марказҳои илмӣ ва маорифи дар саросари ҷаҳон машҳури Русия, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва марказҳои дигари маърифатию илмӣ умедвор аст, ки бо ҳамкасбонашон аз Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, хабару мақолаҳои ғаразнок ва беасосро рад менамоянд. Муаллифони ин хабару мақолаҳо «масхарабозони» ба ҳамагон маълум мебошанд, ки гӯё манфиатҳои забони русиро дар Тоҷикистон ҳимоя карда, бо ин роҳ обрӯю эътибори худро баланд бардоштанӣ мешаванд. Роҳбарони марказҳои зикршудаи илмию таълимӣ бар хилофи чунин «ходимон», «масхарабозон» ва муаллифоне, ки хабару мақолаҳои шубҳанокро пахш менамоянд, ба равнақу ривоҷи мавқеи забони русӣ дар мамлакати мо ҳамаҷониба мусоидат карда, пеши роҳи паҳн гардидани хабарҳои ғаразнокро роҷеъ ба мавқеъ ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон бозмедоранд.                  Яке аз таблиғгарони ҳақиқии забони русӣ, шахси фозил ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Антонович Садовничий хоҳиши Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, дар натиҷаи ба роҳ андохтани ҳамкории мутақобилан муфид соли равон дар Душанбе филиали донишгоҳро ифтитоҳ намуд. Имсол ба филиали мазкур донишҷӯёни аввалин қабул карда шуданд. Баъди ин дар Тоҷикистон филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва махлутҳои Маскав кушода хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки мавқеъ ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон танҳо ба ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олӣ вобаста нест. Ин аз бисёр ҷиҳат ба гузоштани сармояи Русия ба иқтисодиёти мамлакат ва ҳамкории гуногунсоҳаю мутақобилан муфиди Тоҷикистону Русия вобаста мебошад, ки муносибатҳои дуҷонибаро мустаҳкамтар месозад.                  Дар ин бобат вокуниши ҷавобӣ низ мушоҳида карда мешавад. Донишҷӯдухтарони соли дуюми Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, ки ба он шарқшиноси машҳури рус Виталий Вячеславович Наумкин роҳбарӣ мекунад ва дар замони шӯравӣ ба он қариб 20 сол Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров роҳбарӣ карда буд, бо лаҳни шевои тоҷикӣ сухан мекунанд. Онҳо гӯё ҳар рӯз аз шар – шари оби чашмаҳои ағбаи Шар – Шар илҳоми тоза гирифта, ё лаззати оби оинафоми дарёи Сиёмаро чашида бошанд.                  Ба истилоҳ «мунаққидони воқеъбин» аз он изҳори таассуф менамоянд, ки бомбаи гузоштаи иттилоотии онҳо натаркид. Ин дар амал бозичаи оташзоӣ бачагона мебошад, ки дохилаш пур аз ғаразу иғво буда, садои баланд дорад. Забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ надошт, бинобар ин ҳеҷ кас дар Тоҷикистон чунин мақоми забони русиро барҳам дода наметавонист. Забони русӣ то қабули қонуни нав дар асоси Конститутсия забони муоширати байни миллатҳо буд ва ҳамин тавр боқӣ мемонад. Забони русӣ аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ, забони расмии Созмони Милали Муттаҳид буда, баробари омилҳои дигар роҳи моро ба сӯи ҷаҳони беруна мекушояд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ин сарвати бебаҳоро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳад дод.                  Таъкид мекунем, ки шараф ва шаъну эътибори Русияи бузургро аз баъзе арбадаҷӯёни ҳимоя кардан лозим аст, ки ба муносибатҳои хайрхоҳонаи дӯстона, аз ҷумла ба Тоҷикистон халал расондан мехоҳанд. Ба Русия ҳар гуна одамон бо мақсадҳои гуногун меоянд; баъзеҳо бо меҳнати софдилонаи худ ба ободии мамлакат мусоидат менамоянд, одамони дигар аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ба ин ҷо бо мақсади ғаразнок омада, ба воситаи телевизион ғояҳои бадиро ташвиқу тарғиб намуда, дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардикорон хабарҳои бардурӯғ пахш намуда, ба мақсадҳои худ расидан мехоҳанд. Зиёда аз ин онҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ нақши коршиносони миллиро бозида, кӯшиш мекунанд, ки дар бораи мавқеъ ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон баҳсу мунозира кунанд. Барои чунин одамон шаъну шараф ва обрӯю эътибори Русияи бузург бегона мебошад. Мо метавонистем дар ҳамин ҷо нуқтаи таммат гузорем.                   Вале, ҳамагӣ чанд рӯз пеш сардори раёсати кор бо ҳамдиёрони хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар ҳафтаномаи «Комсомолская правда» хабар дод, ки «вазъияти забони русӣ дар хориҷа ғайримуқаррарӣ ва ташвишовар мебошад». Ҳамкасби мӯҳтарами мо ба хонандагони ин ҳафтаномаи мӯътабар хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия гӯё рӯихати мамлакатҳоеро бо назардошти муносибати онҳо ба забони русӣ тартиб дода бошад. Ба ин рӯихат баробари мамлакатҳои соҳили Балтика, Гурҷистон ва Украина Тоҷикистон низ дохил карда шудааст. Дар рӯихати мазкур аз ҷумлаи мамлакатҳои аъзои ИДМ танҳо Белорусия ва Қирғизистон нестанд.                  Ин ҷо қайд кардан мехоҳем, ки аз мулоқоти нахустини роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбари баландпоя ва масъули ВКХ Русия огоҳ карда шуда буд, ки дипломатҳои мамлакатҳои дӯст, аз ҷумла, Русия ва Тоҷикистон набояд муносибаташонро бо ҳамдигар ба воситаи матбуот баён кунанд. Онҳо бояд проблемаҳои ба миёномадаро мустақиман зимни гуфтушунид ҳаллу фасл кунанд. Дар бораи тартиб додани ин ё он гуна рӯихат дар бораи мамлакатҳои дӯст ба воситаи матбуот сухан рондан норавост.                  Натиҷаҳои сафари нахустини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия нишон медиҳанд, ки дар байни Тоҷикистону Русия ягон проблемаи ҳалношуда вуҷуд надорад. Дар байни онҳо танҳо нақшаҳои дурнамои хамкорӣ мавҷуд аст, ки Президенти Федератсияи русия Д.А.Медведев дар бораи онҳо сухан ронда буд. Ӯ ақидаҳояшро дар бораи мавқеъ ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон низ баён намуд. Бинобар ин, ин масъала ягон ҷои баҳсу мунозира надорад.

Ноябрь 26, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид