ИЗҲОРОТИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»

Ноябрь 14, 2009 09:48

                   Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фиврдавс Таваров) — Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ШСХК"Барқи тоҷик" хабар доданд, ки воситаҳои ахбори омма, ба хусус сайти "CA-NEWS" хабар медиҳад, рӯзи 12 ноябр президенти Ширкати миллии шабакаҳои барқии Қазоқистон (KEGOC) Канат Бозумбаев изҳор намудааст, ки гӯё Тоҷикистон аз Қазоқистон бар хилофи шартнома барқ мегирифта бошад. Маркази матбуоти ширкати "Барқи тоқик" ин хабарро пурра рад менамояд, гуфт манбаъ.                  Гап дар сари он аст, ки аз 29 октябр ин ҷониб, аз вақте ки ҷумҳурии Ӯзбекистон кори якҷояро қатъ намуд, системаи энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи автономӣ кор карда истодааст ва ягон имконияти техникии аз Қазоқистон гирифтани барқро надорад.                   Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо системаи энергетикии Тоҷикистон бо истифодаи танҳо иқтидорҳои худ кор карда, аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо барқ таъмин намуда истодааст. Имрӯзҳо ба хотири дар фасли зимистон мӯътадил бо барқ таъмин намудани аҳолӣ системаи энергетикӣ бо реҷаи маҳдудият кор карда истодааст. Ба аҳолии деҳот ба қадри на камтар аз ҳафт соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад, маҳдудият барои сокинони пойтахт ва маркази вилоятҳо дахл надорад.                 Дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз беш аз 40 миллион киловатт соат барқ истеҳсол мегардад, ки ин аз истеҳсолоти ҳаррӯзаи соли гузашта зиёд аст.

Ноябрь 14, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд