КӮМАКИ БОНК БА МӮҲТОҶОН
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — ҶСК «Ориёнбонк» баҳри дастгирӣ ва тарғиботи ҳимояи шаҳрвандони хурд ва шахсони мӯҳтоҷ саҳми худро мегузорад. Дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби бонк ба мактаб-интернати махсуси бачагони чашмашон заиф ва қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара, инчунин ба як қатор корхонаву ташкилотҳо, аз ҷумла синфҳои ибтидоии шабонарӯзӣ барои кӯдакони нобино ва узви босираашон суст ҳамчун филиали мактаби таълимии умумии № 56-и ноҳияи Сино, Хонаи кӯдакони №1, Шӯрои ветеранҳои ноҳияи И.Сомонӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Дармонбахш», Ҷамъияти маъюбони ноҳияи Ҷиргатол, Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон», мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимон ва бепарасторони ноҳияи Шаҳринав ва шахсони воқеии мӯҳтоҷ ба маблағи қариб нӯҳ ҳазор сомонӣ кӯмаки хайрия расонида шуд. Роҳбарияти ҶСК «Ориёнбонк» мӯътакид бар онанд, ки хайрия на танҳо кӯмак, балки шаҳодати ҷавобгарии иҷтимоии шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷамъият аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






