КАРОМАТ ШАРИПОВ МАНФИАТИ КИРО ҲИМОЯ МЕКУНАД?

Ноябрь 20, 2009 16:17

                  Душанбе, 20 ноябр (АМИТ «Ховар», Акрам Хаитов) — Дар анҷумани ғайринавбатии Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», ки рӯзи 17 ноябри соли 2009 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, Муроҷиатномаи вакилони он ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коршиноси мустақил Азими Абдусаттор сӯҳбат орост:                  «Баргузории анҷумани Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар Москва бори дигар собит сохт, ки ин созмон бо роҳбарии Каромат Шарипов наметавонад ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонии сокини Русия бошад. Тавре аз муроҷиатномаи яке аз роҳбарони ин Ҳаракат Ҳоким Муҳаббатов бармеояд, фаъолияти ин созмон ва хусусан роҳбари он ғайриқонунӣ мебошад. Мақсади К.Шарипов танҳо манфиатҷӯӣ ва бо ҳар роҳу восита аз ҳисоби муҳоҷирон сарват ба даст овардан аст. Муроҷиатномае, ки масъулини ин Ҳаракат дар анҷуманашон ба унвони Президенти ҶТ ирсол намудаанд, низ мақсадҳои ғаразнокашонро собит месозад.                      Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи мазкур К.Шарипов ва атрофиёнаш талаб доранд, ки дар Тоҷикистон мавқеи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо нигоҳ дошта шавад. Вале ҳеҷ зарурати чунин иқдом нест. Зеро забони муоширати байни миллатҳо будани забони русӣ дар Сарқонуни ҶТ дарҷ гардидааст ва ин нуктаро Президенти кишвар зимни сафари давлатии хеш ба ФР дар ҳузури роҳбарияти ин кишвар ва доираи васеи хабарнигорон ошкоро таъкид кардааст. Аз ин рӯ, чунин талаби онҳо танҳо барои диққати ҷониби Русияро ба худ ҷалб сохтан ва иғво барангехтан ба миён омадааст.                   Дар муроҷиатнома иброз мегардад, ки гӯё зимни гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз муҳоҷирон дар ФР маблағ ситонида мешавад. Аммо то ҷое маълум аст, худи Каромат Шарипов ба ивази маблағҳои пулӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ медиҳад. Инчунин маълум аст, ки мушкилиҳои қаблӣ зимни дарёфти билетҳои ҳавопаймо ва қатораҳои самти Душанбе — Москва ҷой дошта, ҳоло комилан аз байн бурда шудаанд.                      Он ақидае, ки гӯё муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба шароити меҳнат дар ФР аз ҷиҳати ҷисмонӣ мутобиқ нестанд, комилан ғалат мебошад. Баръакс, шароити меҳнатро дар Россия барои муҳоҷирон муҳайё кардан зарур аст. Зеро аксари муҳоҷирин бо сабаби риоя нагардидани техникаи бехатарии меҳнат ва оддитарин шароитҳои кор осеб мебинанд.                      К.Шарипов ва ҷонибдоронаш пешниҳод мекунанд, ки дар ҶТ хизмати ҳарбии алтернативӣ ҷорӣ гардад. Ба қавли онҳо қисми зиёди ҷавонони тоҷик аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекарда бошанд. Аммо, онҳо намедонанд ё донистан намехоҳанд, ки имрӯз аксари ҷавонони тоҷик ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мераванд ва иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ шаҳодати равшани гуфтаҳои болост.                     Масъулини ҳаракати мазкур тавсия медиҳанд, ки роҳбарияти ҶТ ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ имконияти интихоб шудан ва интихоб кардан дар МО ҶТ — ро фароҳам орад. Бо ин иқдом гӯё роҳбарияти ҶТ ба ҷаҳониён демократӣ будани сиёсати давлатиро нишон медода бошад.                     Аввал ин ки Тоҷикистон ба намоиши демократия ниёз надорад, балки дар кишвари мо тадриҷан ҷомеаи демократӣ бунёд меёбад ва дастовардҳои солҳои охир шаҳодати ин ҳоланд. Барои иштироки муҳоҷирон дар интихоботи МО ҶТ бошад, тамоми шароитҳо тибқи қонунгузории ҶТ муҳайё аст ва монеае мавҷуд намебошад. Дар баробари ин набояд фаромуш кард, ки барои интихоб гардидан ба сифати вакили МО ҶТ шаҳрванди ҶТ будан зарур аст.                     К.Шарипов кӯшиш дорад, масъалаи муҳоҷирати тоҷикистониёнро дар ФР сиёсӣ гардонад ва онро ба дигар масъалаҳои минтақавӣ марбут сохта, чунин вонамуд кунад, ки гӯё ҶТ вобаста ба масъалаи мазкур аз кишварҳои дигар ва созмонҳои муайян вобастагӣ дошта бошад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки муҳоҷирон танҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагиашон ба ФР сафар мекунанд. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ барои Тоҷикистон ва чӣ барои Русия манфиатбахш буда, дар сатҳи роҳбарияти сиёсии ҳар ду кишвари дӯст барои танзими он чораҳои муассир андешида мешаванд. Гайр аз ин тоҷикистониён на танҳо дар дохили ФР ва ИДМ, балки берун аз ҳудуди он ҳам ба муҳоҷират машғул мебошанд.                      Умуман, ба фикри ман, замоне фаро расидааст, ки ҳар як фарзанди тоҷик бояд барои баланд бардоштани обрӯю эътибори миллату давлат кӯшиш намояд ва аз ҳар гуна бозиҳои сиёсӣ, манфиатҷӯӣ ва ихтилофот худро дур гиранд», гуфт дар хотима А.Абдусаттор.

Ноябрь 20, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд