МАҶЛИСИ ДАҲУМИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ АГЕНТИҲОИ ДАВЛАТИИ ИТТИЛООТИИ ИДМ

Ноябрь 21, 2009 10:44

                    Минск, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 23 ва 24 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия – шаҳри Минск маҷлиси навбатии даҳуми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад.                     Дар маҷлис роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИТАР – ТАСС, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Озартоҷ, Арманпресс, БелТА, Казинформ ва Укринформ ширкат меварзанд. Аз Тоҷикистон дар маҷлиси Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии мамлакатҳои ИДМ директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов иштирок менамояд.                     Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои марбут ба омода сохтани кадрҳо барои агентиҳои иттилоотӣ, тадбирҳои тайёрӣ ба ҷашни 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, масъалаҳои марбут ба иштироки агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар анҷумани ҷаҳонии агентиҳои иттилоотии Русия, ки соли 2010 дар Исроил баргузор мегардад, иштироки онҳо дар озмунҳои суратгирон ва масъалаҳои дигарро муҳокима хоҳанд кард.                    Онҳо дар ҷараёни маҷлис ба Донишкадаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Белорусия рафта, бо ҷараёни тайёр кардани кадрҳои журналистӣ шинос гардида, бо донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада мулоқот хоҳанд кард.                      Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Шӯрои иттилоотии агентиҳои давлатии миллии ИДМ соли 1995 ташкил ёфта буд. Дар ин бора сарони 9 давлат – Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия ва Тоҷикистон созишнома имзо карда буданд.                    Бо ташаббуси Шӯрои мазкур мақомоти олии ИДМ Барномаи ташкили фазои воҳиди иттилотии Иттиҳодро қабул карда, созишномаро дар бораи мубодилаи хабарҳо дар бораи вазъияти фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табию техногенӣ, муоҳидаро дар бораи мақоми хабарнигорон ва ҳуҷҷатҳои дигарро қабул карда буданд.                    Айни ҳол директори генералии ИТАР – ТАСС Виталий Игнатенко раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ мебошад.

Ноябрь 21, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд