МАҶЛИСИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

Ноябрь 20, 2009 13:25

                 Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 19 ноябри соли равон маҷлиси Комиссияи байниидоравии ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.                    Дар он ҳисоботи намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати коргарон дар Федератсияи Россия дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми майи соли 2008 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои замини бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2008-2009» ва муаррифии «Таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ» баррасӣ гардид.                  Зикр гардид, ки танзими ҷараёни муҳоҷират ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта аз қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Бинобар ин ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи обрӯ ва эътибори онҳо ва соҳиби ихтисос гардондани муҳоҷирон аз ҷумлаи масъалаҳо ба шумор мераванд. Муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ низ масъалаи афзалиятнок мебошад.                   Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи намояндагии Вазорати корҳои дохилии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия ҳимоя намудани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро аз нуқтаи назари таъмини амнияти шахсӣ, тандурустӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, таъмини ҳуқуқи баробари онҳо бо шаҳрвандони Федератсияи Россия, аз ҷумла, шароити пардохти музди меҳнат, шароити меҳнат, риояи бехатарии меҳнат, шароити буду бош ва суғуртаи иҷтимоии онҳо мебошад.                 Дар маҷлис кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон иштирок доштанд.                  Аъзои комиссия оид ба масъалаҳои зикргардида қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи кори худро барои нимаи аввали соли 2010 тасдиқ намуданд. 

Ноябрь 20, 2009 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд