МАБЛАҒ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ, НА БАРОИ ИТТИЛООТ
1.Бояд зикр намуд, ки Тартиби мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдудгардонии дастрасӣ ба иттилоот (тавре баъзе воситаҳои ахбори омма шарҳ медиҳанд) набуда, баръакс тибқи қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳия гаштааст ва аз қабили тадбирҳое, мебошад, ки амалӣ гаштани онҳо ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот мусоидат менамояд. Зеро ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ рушди бозори васеи иттилоотиро таъмин менамояд, ки моли асосии он иттилоот мебошад. 2. Дар фасли 2 Тартиби мазкур шакл, мӯҳлату тартиби ҳисобӣ ва ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст, муқаррар гардидааст. Аз ҷумла: Тибқи банди 6 : «Шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷоти аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ки ба пешниҳод намудани иттилооти мақомот ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд, аз тарафи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд». Яъне шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷот барои ҳамаи мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ягона аст. Махсус зикр кардан зарур аст, ки тибқи банди 7 Тартиб: «асоси хароҷотеро, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони манфиатдор вобастааст, хароҷоти тайёр кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва хароҷоти шӯъбаҳои алоқа ташкил менамоянд» Яъне маблағ на барои иттилоот, балки барои хизматрасонӣ (сервис) пардохта мешавад. Инчунин тибқи банди 9 Тартиб : «Пардохт барои ҳамагуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз 1 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад». Яъне имрӯз, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ 35 сомонӣ аст, пардохт барои ҳамагуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз 35 дирам аз нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад. Қобили зикр аст, ки ҷуброн кардани хароҷоти вобаста ба пешниҳод намудани иттилоот дар бисёр кишварҳои мутамаддини олам, аз ҷумла, дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба ҳукми қонун даромадааст. Аз ҷумла: — соли 2000 дар Британияи Кабир Қонун дар бораи озодии иттилоот қабул гардид, ки он аз соли 2005 амалӣ шуда, тибқи он хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, ҷуброн карда мешавад. — Моҳи январи соли ҷорӣ Қонуни Федератсияи Русия «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ» қабул шуд. Тибқи ин қонун аз 1 январи соли 2010 дар Русия низ хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, ҷуброн карда мешавад. Масъалан, тибқи Қонуни Британияи кабир дар бораи озодии иттилоот, ҳар як шахс дар Шоҳигарии муттаҳид ҳуқуқ дорад, ки барои гирифтани иттилоот ба ҳар як ташкилот ва хадамоти давлатии дорои ин иттилоот муроҷиат кунад. Ҳар як шахс метавонад ба вазоратҳои Ҳукуматӣ ва Ассамблеяҳои маҳаллӣ, ба мақомоти мунитсипалӣ ва шӯроҳои шаҳрӣ, ба хазинаҳои тандурустӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, ба мактабҳо, коллеҷу донишгоҳҳо, осорхонаҳои давлатӣ, ба политсия ва ғайра чунин дархостро диҳад. Агар ин дархост мухолифи қонунгузорӣ набошад, он гоҳ он ройгон ё бо пардохти хароҷот барои нусхабардорӣ ё хизмати почта дастрас карда мешавад. Аммо, агар идораи давлатӣ чунин ҳисобад, ки пешниҳоди ҷавоб ба ин дархост ба идора ба маблағи беш аз 450 фунт стерлинг (наздики 900 доллар), барои ҳукумати марказӣ бошад ба маблағи беш аз 600 фунт стерлинг хароҷотро талаб мекунад, дархост рад карда мешавад. Ё ба дархосткунанда метавонад пешниҳод шавад, ки дархости худро мушаххас намояд, то ки хароҷот барои пешниҳоди иттилооти дархостшаванда кам карда шавад. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон